https://sputnik.tj/20220805/tafsiloti-qallobi-buzurg-dushanbe-1050524951.html
Маблағи ҳангуфти сокинон барбод рафт: тафсилоти ду қаллобии бузург дар Душанбе
Маблағи ҳангуфти сокинон барбод рафт: тафсилоти ду қаллобии бузург дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати қаллобӣ хабар медиҳад, ки дар ҳар ду маврид ҳам ба сокинони Душанбе зарари бузурги молӣ расидааст
2022-08-05T19:30+0500
2022-08-05T19:30+0500
2022-08-05T19:49+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
боздошт
қаллобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102374/50/1023745053_0:0:2916:1640_1920x0_80_0_0_0c5282c0510df9cf51e3d7e91aa82ede.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба доми қаллобон афтиданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.Гуфта мешавад, ки дар бораи ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.Ӯ шикоят кардааст, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 753 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ маводи истифодабарии чилимро дастрас менамояд, аммо номбурда то ҳол вадаашро иҷро накардааст.Ҳамчунин пулис марди марди 37-солаи сокини дигари шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир кардааст.Дастгиршуда, моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 60 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ якчанд намуд маҳсулот дастрас менамояд, Аммо гуфта мешавад, ки ӯ маблағӽои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" оғоз гардида, тафтишот идома дорад.Назари худи афроди боздоштшуда ва ҷониби ҳимояашон то кунун дақиқ нест.Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 22 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазоро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220526/qallobi-dushanbe-pul-khona-1048723510.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102374/50/1023745053_103:0:2695:1944_1920x0_80_0_0_63d6ac999a591a1850859971cf959421.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаллобӣ душанбе вкд
Маблағи ҳангуфти сокинон барбод рафт: тафсилоти ду қаллобии бузург дар Душанбе
19:30 05.08.2022 (Навсозишуда: 19:49 05.08.2022) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати қаллобӣ хабар медиҳад, ки дар ҳар ду маврид ҳам ба сокинони Душанбе зарари бузурги молӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба доми қаллобон афтиданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар бораи ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 753 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ маводи истифодабарии чилимро дастрас менамояд, аммо номбурда то ҳол вадаашро иҷро накардааст.
Ҳамчунин пулис марди марди 37-солаи сокини дигари шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир кардааст.
Дастгиршуда, моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 60 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ якчанд намуд маҳсулот дастрас менамояд,
Аммо гуфта мешавад, ки ӯ маблағӽои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Назари худи афроди боздоштшуда ва ҷониби ҳимояашон то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 22 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазоро пешбинӣ мекунад.