https://sputnik.tj/20220526/qallobi-dushanbe-pul-khona-1048723510.html
Қаллобиҳо дар Душанбе: сокинон пули хона доданду соҳиби манзил нашуданд
Қаллобиҳо дар Душанбе: сокинон пули хона доданду соҳиби манзил нашуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ду нафар ба пулис шикоят кардаанд, ки ба ивази ваъдаи хона маблағу мошини ҳангуфт ба ду сокини пойтахт додаанд, аммо бо гузашти вақти зиёд на хона гирифтанду на маблағашонро
2022-05-26T14:50+0500
2022-05-26T14:50+0500
2022-05-26T18:28+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
вкд
қаллобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032453215_0:200:3073:1928_1920x0_80_0_0_5e8853374679ed2615c3e1f74e5f5824.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе қаллобии ду мард ошкор шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохила.Ба иттилои манбаъ, ба шуъбаи вазорати мазкур дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 24-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.Номбурда ба кормандони милитсия аз болои як марди 34-сола, сокини ноӽияи Рӯдакӣ шикоят намудааст, ки даст ба фиреби ӯ задааст.Ба шикояти корафтода, мард ӯро ваъда кардааст, ки аз бинои сохтмони нотамом, воқеъ дар шаӽри Душанбе 4 хонаҳои истиқоматӣ гирифта медиӽад ва дар ивазаш аз ӯ 67 ӽазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.Манбаъ меафзояд, бо гузашти вақт сокини пойтахт на соҳиби хона шудаву на маблағи додаашро бозпас гирифтааст.Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ низ бо ҳамин ҳалат марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст.Ин сокини Кӯшониён гуфтааст, ки санаи 14-уми сентябри соли 2020, марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”-ро, ки арзишаш 85 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, нархгузорӣ карда гирифта, ваъда кардааст, ки аз бинои навбунёд воқеъ дар шаҳри Душанбе ба ӯ як 3-хонагӣ гирифта медиҳад.Аммо бо гузашти 2 сол ин сокини Кӯшониён на соҳиби хона шудасту на мошинро баргардондааст.Ҳоло кормандони милитсия ин ҳодисаҳоро тафтиш мекунанд ва назари муттаҳамон дар робита ба ин қазия норӯшан аст.
https://sputnik.tj/20220525/tafsilot-qallobi-dushanbe-1048709405.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032453215_38:0:2769:2048_1920x0_80_0_0_c4fdec2977e3f346f4374e0f773c49ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаллоб душанбе сокинон пул хона
қаллоб душанбе сокинон пул хона
Қаллобиҳо дар Душанбе: сокинон пули хона доданду соҳиби манзил нашуданд
14:50 26.05.2022 (Навсозишуда: 18:28 26.05.2022) Ду нафар ба пулис шикоят кардаанд, ки ба ивази ваъдаи хона маблағу мошини ҳангуфт ба ду сокини пойтахт додаанд, аммо бо гузашти вақти зиёд на хона гирифтанду на маблағашонро
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе қаллобии ду мард ошкор шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохила.
Ба иттилои манбаъ, ба шуъбаи вазорати мазкур дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 24-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.
Номбурда ба кормандони милитсия аз болои як марди 34-сола, сокини ноӽияи Рӯдакӣ шикоят намудааст, ки даст ба фиреби ӯ задааст.
Ба шикояти корафтода, мард ӯро ваъда кардааст, ки аз бинои сохтмони нотамом, воқеъ дар шаӽри Душанбе 4 хонаҳои истиқоматӣ гирифта медиӽад ва дар ивазаш аз ӯ 67 ӽазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Манбаъ меафзояд, бо гузашти вақт сокини пойтахт на соҳиби хона шудаву на маблағи додаашро бозпас гирифтааст.
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ низ бо ҳамин ҳалат марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст.
Ин сокини Кӯшониён гуфтааст, ки санаи 14-уми сентябри соли 2020, марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”-ро, ки арзишаш 85 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, нархгузорӣ карда гирифта, ваъда кардааст, ки аз бинои навбунёд воқеъ дар шаҳри Душанбе ба ӯ як 3-хонагӣ гирифта медиҳад.
Аммо бо гузашти 2 сол ин сокини Кӯшониён на соҳиби хона шудасту на мошинро баргардондааст.
Ҳоло кормандони милитсия ин ҳодисаҳоро тафтиш мекунанд ва назари муттаҳамон дар робита ба ин қазия норӯшан аст.