Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Суғд ва Красноярск

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдИмзои Созишномаҳо миёни соҳибкорони Суғду Красноярск
Имзои Созишномаҳо  миёни соҳибкорони Суғду Красноярск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти Суғд умед доранд, ки созишномаҳои ба имзорасида ҳамкориҳои мақомоти масъули давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русияро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Соҳибкорони Суғд ва минтақаи Красноярски Русия чандин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ созишномаҳо миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Агентии "Статус"-и Красноярск, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд ва Иттифоқи соҳибкорони Красноярск, ширкатҳои “САМО” ва “Алянс Строй”, “САМО” ва “Энергия”, “МИН” ва “Селена фарм”, “АгроБиоХим” ва “СИВЕР”, ширкати нақлиётии “АВВАТ” ва “Железнодорожное снабжение” ва ғайраҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Мақомоти Суғд изҳори боварӣ кардаааст, ки дар доираи созишномаҳои ба имзо расида ҳамкориҳои мақомоти масъули давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии ду тараф густариш меёбад.
Мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғд ва Красноярск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Соҳибкорони Суғду Красноярск лоиҳаи нави сармоягузориро баррасӣ карданд
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои манбаъ, пеш аз имзои созишномаҳо мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорони кишвари Красноярски Русия, ки тӯли чор рӯз дар вилоят қарор доштанд, сурат гирифт.
Иттилоъ дода шудааст, ки соҳибкорони Красноярск бо роҳбарии ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева, бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.
Қайд карда шудааст, ки меҳмонон ҳамзамон аз минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд боздид намуда, бо шароиту имконоти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ ошно гардиданд.
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Таъкиди раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба зарурати ҳамкории бештар бо Русия
Зимни мулоқот Раиси вилоят доир ба зарфиятҳои вилояти Суғд маълумот дода, таъкид кард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия дар ҳоли рушд аст.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки Русия шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати куҳӣ, саноати сабук, коркарди ниҳоии пахта, коркарди меваву сабзавот, консерва, банду басти меваи хушк ва содироти он ба Русия баён карданд.
Лентаи хабарҳо
0