Таъкиди раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба зарурати ҳамкории бештар бо Русия

© Глава Маджлиси намояндагон маджлиси оли РТМахмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкорӣ бо Русия изҳори қаноатмандӣ карда афзуд, ки парлумонҳо барои таҳкими ин раванд иқдом хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо Игор Лякин - Фролов, сафири Русия дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Зокирзода дар ин мулоқот аз аҳамияти густариши равобити байнипарлумонии ду кишвар суҳбат намудааст.
Ӯ зарурати рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русияро зикр намуда, афзудааст, ки ҷониби парлумон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва муттасил меандешад.
"Робитаҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва вакилони парлумонҳои ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ сурат мегиранд", - гуфтаст ӯ.
Раиси Маҷлиси миллӣ зикр намуд, ки бо Думаи давлатии Русия робитаи зичи байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст.
“Миёни парлумонҳоямон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шуда, фаъоланд. Давоми ду соли фаъолияти даъвати нав вакилони мо борҳо ба Федератсияи Русия сафар намудаанд", - изҳор дошт Зокирзода.
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Замони баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия маълум шуд
Вай афзуд, мулоқотҳои дуҷониба тақрибан ҳар сол ҳам дар ҷараёни сафарҳои расмӣ ва кории ҷонибҳо ва ҳам дар ҳошияи ҷаласаҳову чорабиниҳои дигар дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД баргузор мешаванд.
Дар навбати худ Фролов изҳор доштаст, ки новобаста аз он ки рисолати дипломатияш дар Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад, ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо ин шарики стратегӣ мебошад.
Вай таъкид намудаст, ки ҳамеша талош мекунадл, то равобит миёни Тоҷикистону Русия бештар тақвият ёбад.
Лентаи хабарҳо
0