https://sputnik.tj/20220805/harakati-avvalin-qatorahoi-tojikiston-rusia-1050506974.html
Ҳаракати аввалин қатори Тоҷикистон ба самти Русия 11 рӯз пас оғоз мешавад
Ҳаракати аввалин қатори Тоҷикистон ба самти Русия 11 рӯз пас оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ҳаракати аввалин қатораҳои Тоҷикистон ба самти Русия пас таваққуфи тӯлонӣ дар ҳамин моҳ оғоз мешавад
2022-08-05T12:50+0500
2022-08-05T12:50+0500
2022-08-05T16:00+0500
дар тоҷикистон
қатора
роҳи оҳан
дар русия
ӯзбекистон
ҳаракат
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049367050_0:38:1280:758_1920x0_80_0_0_7bb44c3018e7b9f63811db5c3d131047.jpg
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Нахустин қатора аз Тоҷикистон 16 август ба самти Волгоград равона мешавад, гуфт имни нишасти матбуотӣ Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар. “Нахустин қатора аз шаҳри Кӯлоб ба самти Волгогради Русия пеш аз муҳлати эълоншуда меравад. Қаблан бояд ҳаракати қаторҳои мусофирбар ба самти Русия аз 30 августи соли равон дигарбора оғоз мешуд. Аммо санааш тағйир ёфт ва ҳоло аввалин ҳаракати қатори мусофирбар ба Русия 16 август сурат мегирад”,- гуфт ӯ.Ҳамчунин вай илова кард, ки 27 август ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград ва 7 сентябр Хуҷанд - Волгоград сурат мегирад.Дар ҳамин ҳол вазири нақлиёт нагуфт, қимати чипта барои мусофирон чанд сомонӣ хоҳад буд.Ин дар ҳолест, ки вазири нақлиёт зимни нишасти матбуотӣ аз барқарорсозии ҳаракати қатораҳо ба самти Ӯзбекистон низ ёдрас шуд.Ба гуфтаи вазир, мутаассифона, мусофирон ба самти Ӯзбекистон камтар мераванд, аммо новобаста аз камбуди мусофирон ва зарари ҳангуфт ба корхонаи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон ширкат рафтуомади мусофирон байни ду кишвари ҳамҷаворро ҳифз хоҳад кард.Вай гуфт, аз оғози ҳаракати қатораҳо ҳамагӣ 7 рейс анҷом шудааст, ки тавассути онҳо 906 мусофир рафтуомад кардааст.Ҳамчунин вазир гуфт, ки қимати билетҳо аз Душанбе то Қаршӣ бо платскарт 229 сомонӣ, аз Душанбе то Самарқанд 272 сомонӣ ва аз Душанбе то Тошканд 350 сомониро ташкил медиҳад.Аммо қимати билетҳои купе нисбат ба платскарт як каме гаронтар аст. Тибқи иттилои вазир, билети купе аз Душанбе то Қаршӣ 277 сомонӣ, Душанбе - Самарқанд 333 сомонӣ ва Душанбе - Тошканд 455 сомонӣ арзиш дорад.
https://sputnik.tj/20220805/vazorati-naqliyot-afzoishi-hajmi-borkashoni-1050505466.html
https://sputnik.tj/20220510/iftitohi-khatsayri-navi-sayyohi-qatora-tojikiston-1048336009.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049367050_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_e5706316388a5e816430bfe1a44cb60c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қатора, ҳаракат, русия, ӯзбекистон, блет, чипта, таваққуф
тоҷикистон, қатора, ҳаракат, русия, ӯзбекистон, блет, чипта, таваққуф
Ҳаракати аввалин қатори Тоҷикистон ба самти Русия 11 рӯз пас оғоз мешавад
12:50 05.08.2022 (Навсозишуда: 16:00 05.08.2022) Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ҳаракати аввалин қатори Тоҷикистон ба самти Русия пас таваққуфи тӯлонӣ дар ҳамин моҳ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Нахустин қатора аз Тоҷикистон 16 август ба самти Волгоград равона мешавад, гуфт имни нишасти матбуотӣ Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар.
“Нахустин қатора аз шаҳри Кӯлоб ба самти Волгогради Русия пеш аз муҳлати эълоншуда меравад. Қаблан бояд ҳаракати қаторҳои мусофирбар ба самти Русия аз 30 августи соли равон дигарбора оғоз мешуд. Аммо санааш тағйир ёфт ва ҳоло аввалин ҳаракати қатори мусофирбар ба Русия 16 август сурат мегирад”,- гуфт ӯ.
Ҳамчунин вай илова кард, ки 27 август ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград ва 7 сентябр Хуҷанд - Волгоград сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол вазири нақлиёт нагуфт, қимати чипта барои мусофирон чанд сомонӣ хоҳад буд.
“Қимати билетҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо ба шумо итминон медиҳам, ки нархи он барои мусофирон дастрас хоҳад буд”, - гуфт Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе.
Ин дар ҳолест, ки вазири нақлиёт зимни нишасти матбуотӣ аз барқарорсозии ҳаракати қатораҳо ба самти Ӯзбекистон низ ёдрас шуд.
Ба гуфтаи вазир, мутаассифона, мусофирон ба самти Ӯзбекистон камтар мераванд, аммо новобаста аз камбуди мусофирон ва зарари ҳангуфт ба корхонаи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон ширкат рафтуомади мусофирон байни ду кишвари ҳамҷаворро ҳифз хоҳад кард.
Вай гуфт, аз оғози ҳаракати қатораҳо ҳамагӣ 7 рейс анҷом шудааст, ки тавассути онҳо 906 мусофир рафтуомад кардааст.
“519 нафар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафтааст ва 387 нафар аз Ӯзбекитсон ба Тоҷикистон омадааст”, - қайд кард вазир.
Ҳамчунин вазир гуфт, ки қимати билетҳо аз Душанбе то Қаршӣ бо платскарт 229 сомонӣ, аз Душанбе то Самарқанд 272 сомонӣ ва аз Душанбе то Тошканд 350 сомониро ташкил медиҳад.
Аммо қимати билетҳои купе нисбат ба платскарт як каме гаронтар аст. Тибқи иттилои вазир, билети купе аз Душанбе то Қаршӣ 277 сомонӣ, Душанбе - Самарқанд 333 сомонӣ ва Душанбе - Тошканд 455 сомонӣ арзиш дорад.