Вазорати нақлиёт аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ хабар дод

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкДорожная сеть Амурской области
Дорожная сеть Амурской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Обуна шудан
Масъулини Вазорати нақлиёти кишвар мегӯянд, дар шаш моҳи соли равон бо нақлиёти автомобилӣ 1 миллиону 209,8 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Дар самти байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ 1 миллиону 209,8 ҳазор тонна бор ва 14,6 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар.
Вай афзуд, ҳаҷми боркашонӣ 25,3 дарсад ва мусофирбарӣ 20,5 дарсад афзудааст.
“Ҳиссаи боркашонии байналмилалӣ 43,3 дарсад ба Афғонистон, 24,1 дарсад ба Ӯзбекистон, 11,4 дарсад ба Русия, 7,6 дарсад ба Чин, 5,2 дарсад ба Қазоқистон, 4,4 дарсад ба Туркия ва боқимонда дигар кишварҳо рост меояд”, - таъкид кард ӯ.
Вай ҳамчунин илова кард, ки ҳиссаи интиқоли ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 71 дарсадро ташкил меиҳад, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 65 дарсад баробар буд.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Нигаронии вазири нақлиёт аз мушкилоти ҳамлу нақли автомобилӣ дар Суғд
Ҳамзамон масъулини вазорати нақлиёт мегӯян, ки бо нақлиёти автомобилии истифодаи умуми сохтори вазорат 15,4 миллион тонна бор (34,7 дарсад) ва 367,2 миллион мусофир (92,6 дарсад) аз ҳаҷми умумии нақлиёти автомобилӣ интиқол дода шудааст, боркашонӣ 10,4 дарсад ва мусофирбарӣ 10,6 дарсад зиёд гардид.
Лентаи хабарҳо
0