https://sputnik.tj/20220804/markaz-ehtimoli-jang-seumi-jahon-1050499803.html
Маркази эҳтимолии Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфта шуд
Маркази эҳтимолии Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар айни замон, дар ҷаҳон якбора якчанд муноқишаҳои бузург ба вуҷуд омадаанд: яке аз онҳо хатари ба ҷанги васеъмиқёс табдил ёфтанро дорад
2022-08-04T22:30+0500
2022-08-04T22:30+0500
2022-08-04T22:30+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
сиёсат
ҷанги сеюми ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/23/1028692342_0:275:1200:950_1920x0_80_0_0_d3e26cd4a3bbf3f827222bfd83cf09e5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тезутундшавии вазъият дар Косово метавонад боиси муноқишаи мусаллаҳона бо иштироки давлатҳои бузург гардад. Дар ин бора Advance менависад. Шореҳи нашрияи хорватӣ Д.Марянович бар ин назар аст, ки низоъ бо ихроҷи сербҳо аз Косово поён меёбад. Он гоҳ ҷумҳурии эътирофнашуда масъалаи ҳудудиро ҳал мекунад ва ба созмонҳои байналмилалӣ шомил мешавад.Ба гуфтаи вай, шиддат дар Косово метавонад аз рӯи сенарияи "Ҷанги сард" сурат бигирад, мисли ИҶШС ва Иёлоти Муттаҳида, ки дар саросари ҷаҳон тавассути кишварҳои сеюм даргир буданд. Аммо ин дафъа ҷои муқовимат Аврупо хоҳад буд. Нозир бар ин бовар аст, ки буҳрон як моҳ ба таъхир афтодааст: Сербҳо Косоворо дар кӯшиши ихроҷи ҳамватанони худ муттаҳам мекунанд, албаниҳо дар посух аз таҳрики Белград хабар доданд. Русия аз Сербистон ҳимоят кард, НАТО бошад аз мавқеъи Косово изҳори назар кард. Ёдовар мешавем, ки вазъ дар атрофи ин ҷумҳурии эътирофнашуда ба далели тарҳҳои Приштина аз 1 август дар бораи мамнӯъ кардани вуруди мошинҳои дорои рақамҳо ва асноди Сербӣ ба минтақа шиддат гирифт. Дар шимоли Косово, ки дар он даҳҳо ҳазор серб зиндагӣ мекунанд, ошӯб ба вуқӯъ пайваст, ки бо кумаки пулис талош карданд, онро саркӯб кунанд. Дар пайи дархости Амрико мақомоти Косово эътибор пайдо кардани ин мамнӯъро як моҳ ба таъхир андохтанд. Дар Белград аз ин иқдом истиқбол карда ва гуфтаанд, ки раҳбарияти Сербистон ва мақомоти Приштина як қадам аз даргирии ҷиддӣ дур ҳастанд, аммо Белгради расмӣ тавонист сулҳро ҳифз кунад.
https://sputnik.tj/20220618/tramp-jang-jahon-hushdor-1049312222.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/23/1028692342_0:162:1200:1062_1920x0_80_0_0_351a5ff64cb104b74bdeaf5e87870bf9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марказ эҳтимолӣ ҷанг сеюм ҷаҳон
марказ эҳтимолӣ ҷанг сеюм ҷаҳон
Маркази эҳтимолии Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфта шуд
Дар айни замон дар ҷаҳон якбора якчанд муноқишаи бузург ба вуҷуд омадааст, ки яке аз онҳо ба хатари табдил шудан ба ҷанги ҷаҳонӣ рӯ ба рӯст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тезутундшавии вазъият дар Косово метавонад боиси муноқишаи мусаллаҳона бо иштироки давлатҳои бузург гардад. Дар ин бора Advance менависад.
Шореҳи нашрияи хорватӣ Д.Марянович бар ин назар аст, ки низоъ бо ихроҷи сербҳо аз Косово поён меёбад. Он гоҳ ҷумҳурии эътирофнашуда масъалаи ҳудудиро ҳал мекунад ва ба созмонҳои байналмилалӣ шомил мешавад.
"Гузинаи дигари хатарноктаре низ имконпазир аст, ки дар он қудратҳои қавӣ дахолат карда, Косоворо ба майдони дигари "ҷанги прокси" табдил хоҳанд дод", - қайд кард рӯзноманигор.
Ба гуфтаи вай, шиддат дар Косово метавонад аз рӯи сенарияи "Ҷанги сард" сурат бигирад, мисли ИҶШС ва Иёлоти Муттаҳида, ки дар саросари ҷаҳон тавассути кишварҳои сеюм даргир буданд. Аммо ин дафъа ҷои муқовимат Аврупо хоҳад буд.
Нозир бар ин бовар аст, ки буҳрон як моҳ ба таъхир афтодааст: Сербҳо Косоворо дар кӯшиши ихроҷи ҳамватанони худ муттаҳам мекунанд, албаниҳо дар посух аз таҳрики Белград хабар доданд. Русия аз Сербистон ҳимоят кард, НАТО бошад аз мавқеъи Косово изҳори назар кард.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар атрофи ин ҷумҳурии эътирофнашуда ба далели тарҳҳои Приштина аз 1 август дар бораи мамнӯъ кардани вуруди мошинҳои дорои рақамҳо ва асноди Сербӣ ба минтақа шиддат гирифт.
Дар шимоли Косово, ки дар он даҳҳо ҳазор серб зиндагӣ мекунанд, ошӯб ба вуқӯъ пайваст, ки бо кумаки пулис талош карданд, онро саркӯб кунанд.
Дар пайи дархости Амрико мақомоти Косово эътибор пайдо кардани ин мамнӯъро як моҳ ба таъхир андохтанд.
Дар Белград аз ин иқдом истиқбол карда ва гуфтаанд, ки раҳбарияти Сербистон ва мақомоти Приштина як қадам аз даргирии ҷиддӣ дур ҳастанд, аммо Белгради расмӣ тавонист сулҳро ҳифз кунад.