Трамп аз Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ҳушдор дод

© AP / Joe MaioranaЭкс-президент США Дональд Трамп во время выступления
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури собиқи Амрико бори дигар аз ҳукумати феълӣ интиқод карда, ҳушдор дод, ки амалкардаш нисбати Украина метавонад шарораи Ҷанги сеюми ҷаҳониро афрӯзад
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико гуфтааст, ки даргириҳои феълӣ дар Украина метавонад ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ мунҷар шавад ва таъкид кард, ки бояд тамоми талошҳо барои анҷоми он музокира шавад.
"Мо бояд эҳтиёт бошем, зеро шеваи идора кардани ин метавонад ба ҷанги ояндаи ҷаҳонӣ хотима ёбад" гуфт Трамп дар як чорабинии тарафдоронаш дар Нашвил, иёлати Теннесси.
Трамп гуфт, агар ӯ дар мақоми раисиҷумҳури Амрико мемонд, вазъи феълӣ дар атрофи Украина рух намедод.
"Ин эҳтимол ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ оварда мерасонад, зеро мо онро идора мекунем. Мо ба болои 16 миллиарди дигар 40 миллиард доллар ҷудо мекунем, ки ин 56 миллиард аст", - гуфт Трамп.
Маскав борҳо таваҷҷуҳи кишварҳои ғарбиро ба хатари афзоиши интиқоли силоҳ ба Украина ҷалб кардааст.
Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ҳушдор дод, ки низомисозии Украина мустақиман ба манфиатҳои амнияти Аврупо ва ҷаҳон таҳдид мекунад.
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Антонов аз хатари ҷанг миёни Русия ва Амрико ҳушдор дод
Федератсияи Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳама кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида нота фиристода буд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина меояд, ҳадафи қонунии Русия мешавад.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина аз Ғарб ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0