https://sputnik.tj/20220804/hushdor-khf-ruzi-khatarnok-tojikiston-1050491478.html
Ҳушдори КҲФ аз се рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз се рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
То оғози ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон хатари омадани сел боқӣ мемонад. Наҷотдиҳандагон аз сокинони кишвар дархости эҳтиёткорӣ мекунанд
2022-08-04T19:43+0500
2022-08-04T19:43+0500
2022-08-04T19:43+0500
дар тоҷикистон
кҳф
хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:76:1032:657_1920x0_80_0_0_e73734ded04a631b463bf86d36602618.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 5 то 8 август дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.Ба иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишвташон зарар расонанд.Ҳарорати ҳаво ҳаво тайи ин рӯзҳо дар пойтахт то 40 дараҷа, қисмати шимолии кишвар 37 то 39 ва дар ВМКБ 36 дараҷа гар мешавад.Дар ин муддат гармои бештарро сокинони Хатлон эҳсос хоҳанд кард, ки ҳарорат то 42 дараҷа боло меравад.КҲФ мегӯяд, бар асари боронҳои пуршиддат, вале кутоҳмуддати рӯзи қаблӣ дар қаламрави деҳаи Миндонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд сел омад.Гуфта мешавад, ин сел роҳи байни деҳаҳои ҷамоат ва замини наздиҳавлигии нуқтаи хидматрасонии тиббиро аз лою лойқаву сангу сангреза пур кард ва қисман зарар расонд. Дар айни замон барои бартараф намудани паёмадҳои офат ва муайян намудани заррари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад. Барои рафъи оқибатҳо техникаи махсуси вазорати нақлиёт ҷалб шуда, корҳо дар ин самт индома доранд.Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод қаблан аз омадани сел дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш хабар дода буд, ки он ба замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расонда, 300 метр роҳро шуст. Омадани сел дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Лахш дар ҳолест, ки ин ниҳод қаблан низ сокинонро аз селфароӣ ҳушдор дода буд.
https://sputnik.tj/20220621/kharobkori-sel-rudaki-takhrib-1049385982.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:0:1032:774_1920x0_80_0_0_2ce7cf9879f71dbaa87b262be8303baf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор кҳф рӯз хатарнок тоҷикистон
ҳушдор кҳф рӯз хатарнок тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз се рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон
То оғози ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон хатари омадани сел боқӣ мемонад. Наҷотдиҳандагон аз сокинони кишвар дархости эҳтиёткорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 5 то 8 август дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишвташон зарар расонанд.
Ҳарорати ҳаво ҳаво тайи ин рӯзҳо дар пойтахт то 40 дараҷа, қисмати шимолии кишвар 37 то 39 ва дар ВМКБ 36 дараҷа гар мешавад.
Дар ин муддат гармои бештарро сокинони Хатлон эҳсос хоҳанд кард, ки ҳарорат то 42 дараҷа боло меравад.
КҲФ мегӯяд, бар асари боронҳои пуршиддат, вале кутоҳмуддати рӯзи қаблӣ дар қаламрави деҳаи Миндонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд сел омад.
Гуфта мешавад, ин сел роҳи байни деҳаҳои ҷамоат ва замини наздиҳавлигии нуқтаи хидматрасонии тиббиро аз лою лойқаву сангу сангреза пур кард ва қисман зарар расонд.
Дар айни замон барои бартараф намудани паёмадҳои офат ва муайян намудани заррари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад. Барои рафъи оқибатҳо техникаи махсуси вазорати нақлиёт ҷалб шуда, корҳо дар ин самт индома доранд.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод қаблан аз омадани сел дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш хабар дода буд, ки он ба замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расонда, 300 метр роҳро шуст.
Омадани сел дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Лахш дар ҳолест, ки ин ниҳод қаблан низ сокинонро аз селфароӣ ҳушдор дода буд.