https://sputnik.tj/20220621/kharobkori-sel-rudaki-takhrib-1049385982.html
Харобкориҳои сел дар ноҳияи Рӯдакӣ: пулро шуст ва манзилҳои 5 деҳаро тахриб кард
Харобкориҳои сел дар ноҳияи Рӯдакӣ: пулро шуст ва манзилҳои 5 деҳаро тахриб кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар паи боришоти шадиди борон ва фаромадани сел манзилҳои 5 деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ тахриб шуда, роҳҳо банд шудаанд ва 8 сар чорвои калон талаф ёфтааст
2022-06-21T14:40+0500
2022-06-21T14:40+0500
2022-06-21T20:27+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
кҳф
селфароӣ
хисорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049383198_0:11:220:135_1920x0_80_0_0_725277ab89d84b74a771956d8e431936.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Фаромадани сел дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ роҳ то маркази ноҳияро муваққатан баст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар дар ҷамоати деҳоти Эсанбой ноҳияи Рӯдакӣ, шоми рӯзи гузашта, бинобар сабаби боришоти зиёд аз талу теппаҳо сел фаромад, ки дар натиҷа, роҳи ҷамоат то маркази ноҳия, аз километри 16 то 54-ум муваққатан баста гардид. Зимнан, дар ҷамоати деҳоти Эсанбой деҳаи Ишқобод ва деҳаи Чаган селоба ба 4 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ворид шуда, қисман вайрон кардаастҲамчунин, дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа деҳаи Машъал аз сел 2 замин наздиҳалигӣ ва зиёда аз 500 метр роҳи деҳа зарар дидааст.Тибқи гузориши КҲФ, дар баробари ин дар деҳаи Шуриён ва деҳаи Пистамазор ҷамоати деҳоти Эсанбой сел 8 сар чорвои калонро ба ҳалокат расонд.Манбаъ афзуда, ки барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ 4 адад техникаи муҳндисӣ сафарбар гардида корҳои барқароркунӣ идома доранд.Сел се деҳаи ноҳияи Деваштичро хароб кард - видеоҲаҷми зарари расида пурра аз ҷониби космиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ муайян карда мешавад.
https://sputnik.tj/20220621/takhrib-khati-barq-roh-manzil-oqibat-sel-khuroson-1049378932.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049383198_14:0:206:144_1920x0_80_0_0_f3ee279b39a4363b704cec94d5126b2d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оқибат, сели харобкор, ноҳияи рӯдакӣ
оқибат, сели харобкор, ноҳияи рӯдакӣ
Харобкориҳои сел дар ноҳияи Рӯдакӣ: пулро шуст ва манзилҳои 5 деҳаро тахриб кард
14:40 21.06.2022 (Навсозишуда: 20:27 21.06.2022) Дар пайи боришоти шадиди борон ва фаромадани сел манзилу роҳҳои 5 деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ тахриб, роҳҳо банд шудаанд ва 8 сар чорвои калон талаф ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Фаромадани сел дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ роҳ то маркази ноҳияро муваққатан баст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар дар ҷамоати деҳоти Эсанбой ноҳияи Рӯдакӣ, шоми рӯзи гузашта, бинобар сабаби боришоти зиёд аз талу теппаҳо сел фаромад, ки дар натиҷа, роҳи ҷамоат то маркази ноҳия, аз километри 16 то 54-ум муваққатан баста гардид.
"Иничунин дар километри 68-ум 1 адад пули мошингузар, ки маркази ноҳияро ба ҷамоати деҳоти Эсанбой пайваст мекард, пурра шуста вайрон намудааст", - омадааст дар хабарнома.
Зимнан, дар ҷамоати деҳоти Эсанбой деҳаи Ишқобод ва деҳаи Чаган селоба ба 4 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ворид шуда, қисман вайрон кардааст
Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа деҳаи Машъал аз сел 2 замин наздиҳалигӣ ва зиёда аз 500 метр роҳи деҳа зарар дидааст.
Тибқи гузориши КҲФ, дар баробари ин дар деҳаи Шуриён ва деҳаи Пистамазор ҷамоати деҳоти Эсанбой сел 8 сар чорвои калонро ба ҳалокат расонд.
Манбаъ афзуда, ки барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ 4 адад техникаи муҳндисӣ сафарбар гардида корҳои барқароркунӣ идома доранд.
Ҳаҷми зарари расида пурра аз ҷониби космиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ муайян карда мешавад.