https://sputnik.tj/20220803/sel-kharobiovar-lakhsh-zamin-roh-shust-1050460093.html
Сели харобиовар дар Лахш замини наздиҳавлигӣ ва роҳро шуст
Сели харобиовар дар Лахш замини наздиҳавлигӣ ва роҳро шуст
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. КҲФ аз шуста шудани роҳ ва зиён дидани заминҳои наздиҳавлигӣ хабар дод
2022-08-03T15:10+0500
2022-08-03T15:10+0500
2022-08-03T15:26+0500
дар тоҷикистон
сел
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
лахш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049189166_0:75:800:525_1920x0_80_0_0_4c3ebcebcad2a6033beac6fa71561bce.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш бар асари боронгариҳои кутоҳмуддат сел омад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.Бар хабари манбаъ, сел ба замини наздиҳавлигии сокинон зарар расонда, ҳамчунин 300 метр роҳро тахриб кард.Манбаъ меафзояд, барои рафъ намудани паёмади офати табиӣ феълан дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд.КҲФ гуфт, селфароии Лахш дар пай талафоти ҷонӣ надошт.Омадани сел дар ноҳияи Лахш дар ҳолест, ки ин ниҳод бо такя ба маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар дод, ки дар Тоҷикистон аз 2 то 4 август дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳ омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст.Ба иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Дар баъзе ноҳияҳои ин минтақа ҳаво нимаабрӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
https://sputnik.tj/20220802/peshgui-havo-nomusoid-tojikiston-sel-1050422299.html
лахш
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049189166_0:0:800:600_1920x0_80_0_0_bf191040b875dbdebfd70cd7d3035068.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лахш сел замин роҳ хароб
Сели харобиовар дар Лахш замини наздиҳавлигӣ ва роҳро шуст
15:10 03.08.2022 (Навсозишуда: 15:26 03.08.2022) Бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. КҲФ аз шуста шудани роҳ ва зиён дидани заминҳои наздиҳавлигӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш бар асари боронгариҳои кутоҳмуддат сел омад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, сел ба замини наздиҳавлигии сокинон зарар расонда, ҳамчунин 300 метр роҳро тахриб кард.
Манбаъ меафзояд, барои рафъ намудани паёмади офати табиӣ феълан дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд.
КҲФ гуфт, селфароии Лахш дар пай талафоти ҷонӣ надошт.
Омадани сел дар ноҳияи Лахш дар ҳолест, ки ин ниҳод бо такя ба маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар дод, ки дар Тоҷикистон аз 2 то 4 август дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳ омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст.
Ба иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Дар баъзе ноҳияҳои ин минтақа ҳаво нимаабрӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.