Пешгӯии ҳавои номусоид дар Тоҷикистон: сел меояд

CC BY-SA 2.0 / Titoxd / Tempe Town Lake CollapseСход сели, архивное фото
Сход сели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Обуна шудан
Рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ омадани сели шадид пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ин сел бинобар об шудани пиряхҳо сар мезанад
ДУШАНБЕ, 2 август — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 2 то 4 август дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Дар баъзе ноҳияҳои ин минтақа ҳаво нимаабрӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳаво дар ғарби ВАБК шабона 14-19 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқ бошад, қариб 10 дараҷа салқинтар аст.
Дар вилояти Суғд низ борон ва раъду барқ ​​пешгӯӣ шуда, дар як қатор манотиқи шимоли кишвар вазиши шамол то 15 метр дар як сония дар назар аст.
Люди в Душанбе отдыхают во время жары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Августи гармтар аз меъёр: ҳавои моҳи охири тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Ҳаво шабона 20-25, рӯзона 31-36 дараҷа ва дар куҳҳо шабона то 7 дараҷа хунук ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, шамоли сабук то 9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 22—24, рузона 36—38 дараҷа гар мешавад.
Аммо дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ​​ба амал меояд.
Дар ҷануби кишвар, дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок, бебориш мешавад. Дар водиҳо шабона 21-26 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0