Ошкор шудани 349 мавриди ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ дар Суғд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд аз ошкор шудани садҳо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Тибқи маълумоти ин ниҳоди давлатӣ аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ Раёсат 349 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусиятҳои коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор ҷиноятҳои ошкоршуда 165 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад.
“Маблағи зарар бо ҷиноятҳои ошкоршуда 10,8 миллион сомониро ташкил дода, аз он 7,9 миллион сомониаш рӯёнида шудааст”, - иттилоъ додааст Агентӣ.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 20,3 млн. сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор карда шудааст
Аз тарафи мутахассисони шӯбаи назоати молиявии раёсат дар шаш моҳи соли равон 75 тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ давлатии вилояти Суғд гузаронида шудааст.
Маъракаигусели наваскарон дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Коррупсия ва суистифода аз мансаб: баҳои додситони Суғд ба раванди даъвати наваскарон
“Дар объектҳои тафтишгардида ба маблағи 20,3 миллион сомонӣ (шаш моҳи соли гузашта 11, 6 миллион) зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор карда шудааст, ки аз он зиёда аз 20,1 миллион сомонӣ ё 99,3 дарсад барқарор карда шудааст”,- қайд кардааст Агентӣ.
Инчунин иттилоъ дода шудааст, ки аз миқдор умумии зарарҳои барқароргардида ба буҷет 13,2 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту корхонаҳо 6,9 миллион сомонӣ рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0