Дар боздоштгоҳ не! Занону кӯдаконе, ки аз Сурия оварда шудаанд, дар чӣ ҳоланд?

© mohamed_hassan / pixabayОдинокая женщина с детьми
Одинокая женщина с детьми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Обуна шудан
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила бо шарҳ додани вазъи нигоҳдории занону кӯдаконе, ки аз Сурия оварда шудаанд, гуфт, аз онҳо хуб муроқибат мешавад
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Занон ва кӯдаке, ки ахиран аз Сурия ба Ватан баргардонда шуданд, феълан дар истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон қарор доранд, на дар ягон боздоштгоҳ.
Дар ин бора Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки барои омӯзиши вазъи онҳо бо ширкати тамоми сохтору мақомоти марбута гуруҳи корӣ ташкил шудааст.
Ба таъкиди ӯ, вазъи равонии онҳо чандон хуб нест, вале ниҳодҳои дахлдор ҳамарӯза аз аҳволи онҳо хабар мегиранд ва пизишкону равоншиносон низ ҳар рӯз бо онҳо суҳбату вохӯрӣ баргузор мекунанд.

"Шумо медонед, ки онҳо солиёни зиёд дар дохили ҷанг буданд ва пас аз бозгашт ба онҳо як муҳлати муайян лозим аст, ки ба шароити нав мутобиқ шавад, ки равоншиносон ва дигар мутахассисони лозима кумак мекунанд", - афзуд мавсуф.

Мавриди зикр аст, ки қаблан Миҷгона Бобоҷонзода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, низ гуфт, ки барои ба ҳаёти осоишта баргардондани кӯдакони овардашуда мутахассисон кор мекунанд ва шама шарту шароит барои будубоши онҳо фароҳам шудааст.
Женщина с ребенком в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Даҳҳо зану кӯдаки ҷангиёни ДИИШ* аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд
Рӯзи 27 июл низ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарияш гуфт, ки вазъи саломатии кӯдакони аз Сурия овардашуда хуб аст ва зери назорати табибон қарор доранд.
Ӯ гуфт, кӯдаконе, ки ба синни 7 медароянд, барои таҳсил ба ихтиёри Вазорати маориф вогузор мешаванд, дар 16-солагӣ барои касбомӯзӣ ба ихтиёри Вазорати меҳнат вогузор мешаванд.
Дар ҳамин ҳол ягон мақомот макони нигоҳдории онҳоро ошкор накарданд.
Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 25 июли соли равон ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон 42 нафар зан ва 104 нафар кӯдаки ҷангиёни тоҷики узви ДИИШ* аз манотиқи ҷангзадаи Сурия ба Ватан оварда шуданд.
*- Созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0