https://sputnik.tj/20220726/suporishi-rahmon-shahrvandon-tojikiston-suriya-vatan-1050259161.html
Даҳҳо зану кӯдаки ҷангиёни ДИИШ* аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд
Даҳҳо зану кӯдаки ҷангиёни ДИИШ* аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд бо дастури бевоситаи раисҷумҳур 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
2022-07-26T09:00+0500
2022-07-26T09:00+0500
2022-07-26T09:19+0500
дар тоҷикистон
вух-и тоҷикистон
сурия
шаҳрвандон
баргардонидан
эмомалӣ раҳмон
супориш
кӯдакон
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102502/37/1025023762_0:0:4067:2288_1920x0_80_0_0_c31800b0b018f564430928fe7f843e39.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Шоми рӯзи 25 июли соли равон ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омад, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.Тибқ иттилои манбаъ, бо супориши бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.Вазорат қайд кардааст, ки ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.Манбаъ қайд кардаааст, ки тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия бо имзои як санади расмӣ ҳудуди 42 зан ва 104 кӯдак аз хонаводаҳои мубаллиғони ДОИШ*-ро ба намояндаи Тоҷикистон супурд.“Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”, - Фанар Кеит, муовини раиси Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия.Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".*-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст.
https://sputnik.tj/20220725/suriya-zanu-kudak-vatan-barmegardad-1050249718.html
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102502/37/1025023762_354:0:3969:2711_1920x0_80_0_0_4068aa8785b795f85ca57dd9287667d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сурия, кӯдакон, эмомалӣ раҳмон, ватан. баргардонида шуданд, шаҳрванд
тоҷикистон, сурия, кӯдакон, эмомалӣ раҳмон, ватан. баргардонида шуданд, шаҳрванд
Даҳҳо зану кӯдаки ҷангиёни ДИИШ* аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд
09:00 26.07.2022 (Навсозишуда: 09:19 26.07.2022) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд бо дастури бевоситаи раисҷумҳур 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Шоми рӯзи 25 июли соли равон ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омад, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқ иттилои манбаъ, бо супориши бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.
“Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд”, - таъкид доштааст вазорати умури хориҷа.
Вазорат қайд кардааст, ки ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.
Манбаъ қайд кардаааст, ки тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия бо имзои як санади расмӣ ҳудуди 42 зан ва 104 кӯдак аз хонаводаҳои мубаллиғони ДОИШ*-ро ба намояндаи Тоҷикистон супурд.
“Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”, - Фанар Кеит, муовини раиси Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия.
Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.
Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".
*-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст.