https://sputnik.tj/20220802/yakumu-duum-zani-mardi-duzana-shikoyat-1050446530.html
“Якуму дуюм”: ягон зани марди дузана шикоят накардааст
“Якуму дуюм”: ягон зани марди дузана шикоят накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон як хушбахтии мардони дузанаро гуфт ва ҳамичунон таъкид кард, ки онҳо бояд аз занони аввали худ миннатдор бошанд 02.08.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-08-02T20:00+0500
2022-08-02T20:00+0500
2022-08-23T12:57+0500
дар тоҷикистон
мард
зан
издивоҷ
шикоят
ҳамсар
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102972/03/1029720303_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_9b0a6113355ac5fda6f552cb9246aec3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар ним соли гузашта ҳеҷ яке аз ҳамсарони мардони дузана ба мақомот шикоят накардааст, мегӯяд Ҳилолбӣ Қурбонзода, раҳбари ин кумита.Аммо то ба ҳол дар муайян кардани мақоми занҳои дуюм дар Тоҷикистон низ тағйире ба вуҷуд наомадааст.Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, тайи ним соли гузашта ҳеҷ як аз занҳову якуму дуюми мардоне, ки ду зан доранд, ба мақомот шикоят набурдаанд.”Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки “оё барои муайян кардани мақоми ҳамсарони дуюм тағйире дар қонунгузорӣ хоҳад омад?”, гуфт, бояд шавҳарони онҳо ба ин суол посух диҳанд, ки мақоми зани дуюм чӣ мешавад.“Аз рӯи қонун зани дуюм гирифтан мумкин нест. Лекин мутаассифона, мардони мо дар аксар ҳолатҳо зани дуюм мегиранд. Танҳо дар ҳамон ҳолат аз ҷавобгарӣ канор мемонанд, ки зани якум ё дуюм аз онҳо даъво ё шикоят накунад. Агар занҳои дуюм даъво кунанд, ки онҳо зани дуюм гирифтаанд, мардҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, - гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.Тибқи моддаи 33-и Конститутсияи Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ аст ва ҷиноят маҳсуб мешавад. Моддаи 170 -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки соли 1999 ба тасвиб расидааст, барои дузанагӣ ё серзанагӣ ё бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумиро бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда (як нишондиҳанда – 64 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо таъин кардааст.Дар Тоҷикистон маъмулан чунин даъвоҳо аз роҳи мусолиҳа ҳал мешавад ва занон низ аз мардони худ шикоят намекунанд, зеро дар ҳама ҳолат бар зиёни худи хонаводаи онҳо тамом мешавад. Аз сӯи дигар, қонунгузорӣ дар сурати пошхӯрии ин қабил оилаҳо ҳуқуқи бештареро ба зани аввал қойил аст. Аз ҷумла, агар зани аввал дар ин маврид қонунӣ ҳақ ба 50% - и моликияти шавҳар дошта бошад, занҳои дуюму сеюм чунин ҳақро надоранд. Онҳо фақат метавонанд дар сурати доштани фарзанд аз шавҳар алимент талаб кунанд ва ё дар манзили ӯ маскун шаванд. Замоне ҳам ба 50 дарсади - и моликияти шавҳар ҳақ доранд, ки якҷоя кор карда бошанд.
https://sputnik.tj/20211221/rahmon-mavqe-zan-islom-tojikiston-oyanda-1044290573.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102972/03/1029720303_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_1c62aa00b31e11d659d7b9247c77b209.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, мард, зан, издивоҷ, шикоят, ҳамсар, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, мард, зан, издивоҷ, шикоят, ҳамсар, иҷтимоъ
“Якуму дуюм”: ягон зани марди дузана шикоят накардааст
20:00 02.08.2022 (Навсозишуда: 12:57 23.08.2022) Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон як хушбахтии мардони дузанаро гуфт ва ҳамичунон таъкид кард, ки онҳо бояд аз занони аввали худ миннатдор бошанд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар ним соли гузашта ҳеҷ яке аз ҳамсарони мардони дузана ба мақомот шикоят накардааст, мегӯяд Ҳилолбӣ Қурбонзода, раҳбари ин кумита.
Аммо то ба ҳол дар муайян кардани мақоми занҳои дуюм дар Тоҷикистон низ тағйире ба вуҷуд наомадааст.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, тайи ним соли гузашта ҳеҷ як аз занҳову якуму дуюми мардоне, ки ду зан доранд, ба мақомот шикоят набурдаанд.”
“Ман бисёр афсӯс мехӯрам, ки мардони мо зани дуюм мегиранд ва танҳо як хушбахтӣ доранд, ки занҳояшон аз болои онҳо даъво намекунанд. Онҳо бояд аз занҳои аввали худ миннатдор бошанд, ки аз онҳо ба мақомот шикоят набурдаанд”, - гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки “оё барои муайян кардани мақоми ҳамсарони дуюм тағйире дар қонунгузорӣ хоҳад омад?”, гуфт, бояд шавҳарони онҳо ба ин суол посух диҳанд, ки мақоми зани дуюм чӣ мешавад.
“Аз рӯи қонун зани дуюм гирифтан мумкин нест. Лекин мутаассифона, мардони мо дар аксар ҳолатҳо зани дуюм мегиранд. Танҳо дар ҳамон ҳолат аз ҷавобгарӣ канор мемонанд, ки зани якум ё дуюм аз онҳо даъво ё шикоят накунад. Агар занҳои дуюм даъво кунанд, ки онҳо зани дуюм гирифтаанд, мардҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, - гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Тибқи моддаи 33-и Конститутсияи Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ аст ва ҷиноят маҳсуб мешавад. Моддаи 170 -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки соли 1999 ба тасвиб расидааст, барои дузанагӣ ё серзанагӣ ё бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумиро бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда (як нишондиҳанда – 64 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо таъин кардааст.
Дар Тоҷикистон маъмулан чунин даъвоҳо аз роҳи мусолиҳа ҳал мешавад ва занон низ аз мардони худ шикоят намекунанд, зеро дар ҳама ҳолат бар зиёни худи хонаводаи онҳо тамом мешавад.
Аз сӯи дигар, қонунгузорӣ дар сурати пошхӯрии ин қабил оилаҳо ҳуқуқи бештареро ба зани аввал қойил аст. Аз ҷумла, агар зани аввал дар ин маврид қонунӣ ҳақ ба 50% - и моликияти шавҳар дошта бошад, занҳои дуюму сеюм чунин ҳақро надоранд. Онҳо фақат метавонанд дар сурати доштани фарзанд аз шавҳар алимент талаб кунанд ва ё дар манзили ӯ маскун шаванд. Замоне ҳам ба 50 дарсади - и моликияти шавҳар ҳақ доранд, ки якҷоя кор карда бошанд.