https://sputnik.tj/20211221/rahmon-mavqe-zan-islom-tojikiston-oyanda-1044290573.html
Раҳмон аз мавқеи зан дар ислом ва дар Тоҷикистон гуфт
Раҳмон аз мавқеи зан дар ислом ва дар Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, 49,3 дарсади аҳолии ҷумҳуриро занон ташкил медиҳанд
2021-12-21T12:37+0500
2021-12-21T12:37+0500
2021-12-21T12:37+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
эмомалӣ раҳмон
зан
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915274_0:151:3077:1881_1920x0_80_0_0_f932640067bc0296ad9e0a8421cb302c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, беш аз 73 дарсади кормандони маориф, 27 фоизи кормандони соҳаи илм ва зиёда аз 23 фоизи кормандон дар соҳаи кишварзӣ занонанд. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми солонааш ба парлумон изҳор дошта, таъкид намуд, ки бонувон дар бахшҳои дигар низ содиқона фаъолият доранд. Роҳбари давлат афзуд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии занон то 30 дарсад зиёд намудани хизматчиёни давлатӣ ва 25 дарсад расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон дар назар аст. Раҳмон таъкид намуд, ки зан - модар муқаддас буда, ҳамаи бузургон, аз ҷумла паёмбари Ислом аз домони поки модар ба дунё омадаанд. Ӯ аз ҷумла мавқеи болои занро дар ислом мисол оварда, зикр намуд, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум ба номи "Нисо" нозил шуда истодааст. Ӯ аз бори гарони бонувон дар ҳаёт гуфта, изҳор дошт, ки агар фарзандон як умр хидмати модар кунанд, баробари аллаи якшабаи модар болои гаҳвора шуда наметавонанд. Ба гуфтаи раисҷумҳур, инчунин аз 42 ҳазор муҳассилини тоҷикистонӣ дар хориҷ зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтаронанд. Ӯ муҳим хонд, ки имкониятҳо барои таҳсили занон, омӯзиши касбу кори гуногун боз ҳам густариш ёбад.
https://sputnik.tj/20211221/pisaram-rahmon-vaziron-vakilon-1044288176.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915274_161:0:2892:2048_1920x0_80_0_0_3e22d9be4e72cb4db82aeb391543338b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, паём, зан, ислом, мақом, роҳбар, давлат
эмомалӣ раҳмон, паём, зан, ислом, мақом, роҳбар, давлат
Раҳмон аз мавқеи зан дар ислом ва дар Тоҷикистон гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, 49,3 дарсади аҳолии ҷумҳуриро занон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, беш аз 73 дарсади кормандони маориф, 27 фоизи кормандони соҳаи илм ва зиёда аз 23 фоизи кормандон дар соҳаи кишварзӣ занонанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми солонааш ба парлумон изҳор дошта, таъкид намуд, ки бонувон дар бахшҳои дигар низ содиқона фаъолият доранд.
Роҳбари давлат афзуд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии занон то 30 дарсад зиёд намудани хизматчиёни давлатӣ ва 25 дарсад расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон дар назар аст.
Раҳмон таъкид намуд, ки зан - модар муқаддас буда, ҳамаи бузургон, аз ҷумла паёмбари Ислом аз домони поки модар ба дунё омадаанд. Ӯ аз ҷумла мавқеи болои занро дар ислом мисол оварда, зикр намуд, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум ба номи "Нисо" нозил шуда истодааст.
Ӯ аз бори гарони бонувон дар ҳаёт гуфта, изҳор дошт, ки агар фарзандон як умр хидмати модар кунанд, баробари аллаи якшабаи модар болои гаҳвора шуда наметавонанд.
"Тифлро кӣ ба дунё меорад, кӣ тарбия мекунад, кӣ донишмандаш мекунад, кӣ маршал, генерал, нависанда, олимаш мекунад?", - суол гузошт Раҳмон дар хитоб ба ҳозирин.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, инчунин аз 42 ҳазор муҳассилини тоҷикистонӣ дар хориҷ зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтаронанд.
Ӯ муҳим хонд, ки имкониятҳо барои таҳсили занон, омӯзиши касбу кори гуногун боз ҳам густариш ёбад.