https://sputnik.tj/20220802/tojikiston-bozsozii-nbo-norak-kumak-daryoft-1050433843.html
Тоҷикистон барои бозсозии НБО “Норак” 115 миллон доллар кумак дарёфт кард
Тоҷикистон барои бозсозии НБО “Норак” 115 миллон доллар кумак дарёфт кард
Sputnik Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ аз ихтисоси кумаки молии 115 миллиондолларии ин ниҳод барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар Тоҷикистон хабар дод
2022-08-02T15:15+0500
2022-08-02T15:15+0500
2022-08-02T16:18+0500
дар тоҷикистон
"барқи тоҷик"
нбо норак
барқ
энергетика
кӯмак
бозсозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/26/1028512657_0:94:3076:1824_1920x0_80_0_0_aa7fc217634af492d7115c56b5ec261d.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ин маблағ барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” тайи солҳои 2022 то 2030 ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст сомонаи “ТоҷВик”.Барои марҳилаи нахусти бозсозии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ 226 миллион доллар масраф хоҳад шуд, ки 57 миллион доллари он кумаки ройгон ва 169 миллион доллари дигар воми камбаҳра мебошад.Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мегӯянд, ки бо анҷоми бозсозии ду марҳалаии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқи он аз 3 ҳазор мегавати феълӣ ба 3 ҳазору 300 мегават афзоиш хоҳад ёфт.Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди 3 миллиард киловат соат барқ дар сол, аз 50 сол қабл фаъол шудааст ва акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2019 раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии НБО “Норак” оғози расмӣ бахшида буд.Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО “Норак” таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд
https://sputnik.tj/20220802/millionho-dollar-qarz-barq-afghoniston-tojikiston-1050423201.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/26/1028512657_214:0:2943:2047_1920x0_80_0_0_d6b7e6ebe8ac3798b4741ba620185b7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, "норак", нбо, кумак, дарёфт, бозсозӣ, нерӯгоҳ, энергетика
тоҷикистон, "норак", нбо, кумак, дарёфт, бозсозӣ, нерӯгоҳ, энергетика
Тоҷикистон барои бозсозии НБО “Норак” 115 миллон доллар кумак дарёфт кард
15:15 02.08.2022 (Навсозишуда: 16:18 02.08.2022) Расонаҳо аз ихтисоси кумаки молии 115-миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” хабар доданд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ин маблағ барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” тайи солҳои 2022 то 2030 ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст сомонаи “ТоҷВик”.
Барои марҳилаи нахусти бозсозии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ 226 миллион доллар масраф хоҳад шуд, ки 57 миллион доллари он кумаки ройгон ва 169 миллион доллари дигар воми камбаҳра мебошад.
Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мегӯянд, ки бо анҷоми бозсозии ду марҳалаии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқи он аз 3 ҳазор мегавати феълӣ ба 3 ҳазору 300 мегават афзоиш хоҳад ёфт.
Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди 3 миллиард киловат соат барқ дар сол, аз 50 сол қабл фаъол шудааст ва акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2019 раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии НБО “Норак” оғози расмӣ бахшида буд.
Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО “Норак” таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд