Миллионҳо доллар қарзи барқи Афғонистон аз Тоҷикистон: кай медиҳанд?

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Обуна шудан
Ширкати "Бришно"-и Афғонистон, ки бар барқрасонӣ машғул аст, то кунун натавонистааст қарзҳояшро дар назди Тоҷикистон пардохт созад
ДУШАНБЕ, 2 авг - Sputnik. Қарзи ширкати афғонии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) дар назди "Барқи тоҷик" ба 28 миллион доллар расидааст.
Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеш гуфт, ки ширкати "Бришно" ваъда додааст, қарзашро пардохт мекунад.
Номбурда ҳамзамон гуфт, ки моҳи июл ин ширкат ба "Барқи тоҷик" 2 миллион доллар қарзашро пардохт кард.
Ҳамзамон раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки сабаби кам пардохт шудани қарз ба хотири мушкилот дар амалиётҳои бонкии Афғонистон мебошад.
Ҳамчунин, ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки барқ ба Афғонистонро тибқи созишнома ва бидуни вақфа интиқол медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, сар аз аввали соли ҷорӣ ба хориҷ 1,5 миллиард килловат соат нерӯи барқ фурӯхтааст, ки ин нишондиҳанда 141,6 миллион нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд аст.
Здание энергохолдинга Барки точик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Қариб 30 млн ба IRS, 75 млн ба Вазорати молия: Пули "Барқи тоҷик" куҷо меравад?
Қаблан як манбаъ дар ширкати "Брешно" ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Афғонистон як киловат-соат барқи тоҷикро аз 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) то 14 афғонӣ мехарад.
Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.
"Барқи Тоҷикистон ба ду роҳ - тиҷоратӣ ва раҳоишӣ – ба мизоҷон фурӯхта мешавад. Бино ба ин, як киловат-соат дар шаҳри Қундуз тариқи раҳоишӣ 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) ва тиҷоратӣ –11,5 афғонӣ ва хориҷ аз он дар шаҳристонҳои ин вилоят ва ҳам вилоятҳои Бағлону Самангон ва Кобул мутаносибан 7 ва 14 афғонӣ қимат дорад", - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, баъди ба қудрат расидани толибон аввалин мушкиле, ки пеш омад, қарздории ширкати “Брешно” пеши кишварҳои ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон буд, ки то кунун ҳал нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0