https://sputnik.tj/20220802/rahmon-tamringohi-fakhrobod-raft-sabab-1050424874.html
Раҳмон ба тамрингоҳи ҳарбии Фахробод рафт: сабаб
Раҳмон ба тамрингоҳи ҳарбии Фахробод рафт: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари давлат ба тамрингоҳи ҳарбии ҷанубӣ, воқеъ дар ҳудуди вилояти Хатлон рафта, кори бригадаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тафтиш кард
2022-08-02T12:00+0500
2022-08-02T12:00+0500
2022-08-02T12:20+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
қувваҳои мусаллаҳи ҷт
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/51/1029235142_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_54b05c9a26cfa3b9131e3523f610e0bc.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ба тамрингоҳи низомии вилояти Хатлон рафт. Ӯ дар таҷлили 25-умин солгарди таъсиси бригадаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ширкат варзида ва шахсан низомиёнро бо Рӯзи Қӯшунҳои десантии ҳавоӣ дар тамрингоҳи Фахробод табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Раҳмонро раҳбари Вазорати дифоъ генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифт. Вай президентро ба омодагии ҷангӣ ва тамоми техникаи муосири вазнини ҳарбӣ, аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро нишон дода, бо кору зиндагии тамоми тамрингоҳҳо шинос кард. Ба президент инчунин дар бораи хусусиятҳои тактикӣ ва техникии мошинҳои ҷангии "Ураган", тупҳои худгард, техникаи махсуси муҳандисӣ, миномётҳо ва ғайра маълумот дода шуд. Гуфта мешавад, ки дар сурати сар задани бӯҳрони низомӣ ё изтирорӣ таҷҳизоти заруриро ба зудӣ ба минтақаҳои зарурӣ интиқол додан мумкин аст. Ёдовар мешавем, ки қисми бригадаи ҳамлаи ҳавоӣ дар тамрингоҳи ҳарбии Фахробод мустақар буда, дар ин макон барои тайёр кардани десантчиёни ҷавон маркази таълимй мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20220430/tayini-200-afsar-qudrati-tojikiston-1048109254.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/51/1029235142_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_eb44e020a91983c618944efe0bfadd4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон тамрингоҳ фахробод
раҳмон тамрингоҳ фахробод
Раҳмон ба тамрингоҳи ҳарбии Фахробод рафт: сабаб
12:00 02.08.2022 (Навсозишуда: 12:20 02.08.2022) Сарвари давлат ба тамрингоҳи ҳарбии ҷанубӣ, воқеъ дар ҳудуди вилояти Хатлон рафта, кори Бригадаи десантии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тафтиш кард
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ба тамрингоҳи низомии вилояти Хатлон рафт.
Ӯ дар таҷлили 25-умин солгарди таъсиси бригадаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ширкат варзида ва шахсан низомиёнро бо Рӯзи Қӯшунҳои десантии ҳавоӣ дар тамрингоҳи Фахробод табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Раҳмонро раҳбари Вазорати дифоъ генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифт.
Вай президентро ба омодагии ҷангӣ ва тамоми техникаи муосири вазнини ҳарбӣ, аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро нишон дода, бо кору зиндагии тамоми тамрингоҳҳо шинос кард.
Ба президент инчунин дар бораи хусусиятҳои тактикӣ ва техникии мошинҳои ҷангии "Ураган", тупҳои худгард, техникаи махсуси муҳандисӣ, миномётҳо ва ғайра маълумот дода шуд.
Гуфта мешавад, ки дар сурати сар задани бӯҳрони низомӣ ё изтирорӣ таҷҳизоти заруриро ба зудӣ ба минтақаҳои зарурӣ интиқол додан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, ки қисми бригадаи ҳамлаи ҳавоӣ дар тамрингоҳи ҳарбии Фахробод мустақар буда, дар ин макон барои тайёр кардани десантчиёни ҷавон маркази таълимй мавҷуд аст.