Таъйини 200 афсар ба вазифаҳои гуногун дар сохтори қудратии Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр обороны Таджикистана Шерали Мирзо
Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гурӯҳи беш аз 200 нафараи афсарони ҷавон зам шуд. Афсарон ба вазифаҳои гуногун дар сохтори қудратӣ таъйин шуданд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Беш аз 200 нафар афсарон, баҳри фаъолияти хизматӣ дар ҳайати сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба вазифаҳои гуногун таъйин шуданд.
Дар ин бора фармоиши вазири мудофиа Шералӣ Мирзо зимни маросими хатми навбатии донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа қироат шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати дифоъ.
Гуфта мешавад,к и рӯзи 30 апрел 28-умин хатмкунандагони донишкада ба кори мустақилонаи ҳарбӣ ба сафҳои Артиши миллии мамлакат ва дигар сохторҳои қудратии кишвар гусел карда шуданд.
Дипломро ба хатмкунандагон, вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо ва дигар афсарону устодони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа супориданд.
Шералӣ Мирзо вазири дифои Тоҷикистон аз омодабошии ҷангӣ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳисобот медиҳад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Кор бо мардум, бе фасод: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳо дар даъвати баҳорӣ
Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо зимни суханронӣ ба афсарон дар ин роҳи хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи Ватан, давлату миллат, таҳкими истиқлол ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамин барору комёбиҳо таманно намудааст.
Баъд аз анҷоми қисмати расмии чорабинӣ, гузашти низомии афсарони ҷавон дар як саф бо ҳайати устодону дигар курсантон доир гардид.
Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон соли 2001-ум дар заминаи Коллеҷи олии ҳарбӣ, ки ҳанӯз аз соли 1993 амал менамуд, таъсис ёфтааст.
Он дорои тамоми шароити муосири таълимӣ буда, мутахассисони варзидаи низомиро омода менамояд. Донишкадаи ҳарбӣ аз 3 факулта, 10 кафедра ва 5 сикл иборат буда, он аз рӯйи 18 ихтисос афсарони касбӣ омода мекунад.
Лентаи хабарҳо
0