Аз сабзавот то пахтаю пашм: дар Суғд истеҳсолу содироти мол афзуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВыставка достижений народного хозяйства в Гиссаре
Выставка достижений народного хозяйства в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Вилояти Суғди Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулотро давоми ним сол ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст, ки харидори асосии он Русия будааст
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар Суғд ба 3, 3 милярд сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулот ҳам зиёд шудааст
Маъруф Шарифиён, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзиро шарҳ дод.
Бар пояи иттилоъи манбаъ дар ин давра баробари меваҷот содироти нахи пахта ҳам ба андозаи 20209 тон афзоиш ёфтааст.
“Давоми шаш моҳи солӣ ҷорӣ аз вилояти Суғд 66477 тон сабзавот аз ҷумла 61170 тон пиёз, 23269 тон меваҷот, аз он 4096 тон меваи тар, 815 тон ангур, 648 тон консерваҳо, 20209 тон нахи пахта, 119 ҳазор дона чарми хом ва 151 тон пашм содирот гардидааст” – афзуд, Шарифиён.
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Шаҳри миллиардер: дар Гулистон истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 2,5 миллиард сомонӣ расид
Сардори Идораи кишварзии Суғд мегуяд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти меваҷот 6778 тон, ангур 590 тон, консерваҳо 103 тон, нахи пахта 5528 тон, пашм 116 тон ва тамоку 3 тон зиёд шудааст.
Бар пояи иттилоъи расмӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Суғд ба 3,3 милияр сомонӣ расонида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар мисоли истеҳсоли соҳаи растанипарварӣ 1, 6 милярд сомонӣ ё 109 % ва соҳаи чорводорӣ ба 1, 7 милярд сомонӣ ё 115,4 % таъмин шудааст.
Содироти молу маҳсулоти кишоварзии шимоли Тоҷикистон ба бозорҳои Русия сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0