Рақобати варзишкорони 13 кишвари ҷаҳон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкТеннис, архивное фото
Теннис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардаанд, ки аз 1 то 6 август дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст, ки шоми 1-уми август бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи 12-уми байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки соли 2022 сурат мегирад, варзишгарон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шриланка, ИМА, Олмон ва Исроил иштирок мекунад.
Мусобиқаи байналмилалии теннис бо ташаббуси Кумитаи кор ба ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир мегардад.
Таджикский гроссмейстер Амонатов выиграл блицтурнир в Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Шоҳмотбози тоҷик Амонатов ғолиби мусобиқа дар шаҳри Санкт-Петербург шуд
Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2021 ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.
Ин имкон медиҳад, ки нуфузи мусобиқа дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида, шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар он бештар шавад.
Нахустин мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо Фармони раисҷумҳури кишвар 19 марти соли 2005 нахустин гузаронида шуд.
Сипас дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 моҳи август ҳамасола дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон роҳандозӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалии теннис то 6 август идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0