Боздошти нозири барқ, ки барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ пул гирифт

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСчетчики электроэнергии, архивное фото
Счетчики электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Дар сурати тасдиқи иттиҳомот боздоштшударо ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳаққи ишғоли вазифа интизор аст
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як нозири барқро барои қаллобӣ боздошт кардааст.
Тибқи иттилои дафрати матбуотии ин ниҳод ӯ дар истифодаи мақоми хизматӣ ва бо ин роҳ гирифтани маблағ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, С.З. дар вазифаи назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат кор карда, аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст.
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Оҷонсӣ корманди андозро баъди "порагирӣ" боздошт кард
"Ӯ аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии охиронро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст", - афзудааст манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда (23 то 58 ҳазор сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0