https://sputnik.tj/20220731/tayin-mukofotpuli-rasht-1050381110.html
Таъйини мукофотпулӣ барои зиёд шудани теъдоди олимон дар Рашт
Таъйини мукофотпулӣ барои зиёд шудани теъдоди олимон дар Рашт
Sputnik Тоҷикистон
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои бештар кардани теъдоди омӯзгорони дорои унвони илмӣ мукофотпулиҳо таъйин намудааст
2022-07-31T16:00+0500
2022-07-31T16:00+0500
2022-08-01T15:19+0500
маориф
дар тоҷикистон
рашт
маҷалла
донишгоҳ
ассотсиатсия
мукофотпулӣ
номзад
олим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045848734_0:152:1920:1232_1920x0_80_0_0_5871ccd57a01e929f648734d48a76975.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Шӯрои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои ҳимояи рисолаи докторӣ 25 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъйин кардааст. Нашрияи "Садои мардум" аз қавли ректори ин муассиса, Маҳмадёр Раҷабзода овардааст, ки барои ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҳисоби донишкада 15 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад. Вай таъкид намудааст, ки ин қарори Шӯрои олимони донишкада аз соли равон мавриди амал қарор гирифта, ҳадафи он ҳавасмандгардонии ҳайати омӯзгорон дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ мебошад. Таъкид шудаст, ки мукофотпулии мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса пардохт мегарданд. Маврид ба зикр аст, ки Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар оғози соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини соҳаи маориф бо кадрҳои баландихтисос дар минтақа таъсис ёфтааст. Он замон норасоии мутахассисони соҳибтаҳсилот дар минтақа мушкили аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт, гуфт Раҷабзода. Дар феҳрасти дастовардҳои дигари муассиса зикр гардидаст, ки донишкада ахиран ба ҳайси узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи Донишгоҳи Осиё пазируфта шуда, маҷаллаи он — "Паёми ДОТ дар ноҳияи Рашт" ба Шохиси илмии иқтибосшудаи Русия шомил гардид.
https://sputnik.tj/20220614/rektor-muallimon-mablagh-kalon-1049162272.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045848734_0:0:1708:1281_1920x0_80_0_0_28b2f6bfc0e2b7946b8b023784f4895f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйин, мукофот, олимон, рашт
таъйин, мукофот, олимон, рашт
Таъйини мукофотпулӣ барои зиёд шудани теъдоди олимон дар Рашт
16:00 31.07.2022 (Навсозишуда: 15:19 01.08.2022) Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои бештар кардани теъдоди омӯзгорони дорои унвони илмӣ мукофотпулӣ таъйин намудааст
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Шӯрои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои ҳимояи рисолаи докторӣ 25 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъйин кардааст.
Нашрияи "Садои мардум" аз қавли ректори ин муассиса, Маҳмадёр Раҷабзода овардааст, ки барои ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҳисоби донишкада 15 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад.
Вай таъкид намудааст, ки ин қарори Шӯрои олимони донишкада аз соли равон мавриди амал қарор гирифта, ҳадафи он ҳавасмандгардонии ҳайати омӯзгорон дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ мебошад.
Таъкид шудаст, ки мукофотпулии мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса пардохт мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар оғози соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини соҳаи маориф бо кадрҳои баландихтисос дар минтақа таъсис ёфтааст. Он замон норасоии мутахассисони соҳибтаҳсилот дар минтақа мушкили аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт, гуфт Раҷабзода.
Дар феҳрасти дастовардҳои дигари муассиса зикр гардидаст, ки донишкада ахиран ба ҳайси узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи Донишгоҳи Осиё пазируфта шуда, маҷаллаи он — "Паёми ДОТ дар ноҳияи Рашт" ба Шохиси илмии иқтибосшудаи Русия шомил гардид.