https://sputnik.tj/20220614/rektor-muallimon-mablagh-kalon-1049162272.html
Ректори нави Донишгоҳи омӯзгорӣ ба бархе аз устодон маблағи бузург ваъда кард
Ректори нави Донишгоҳи омӯзгорӣ ба бархе аз устодон маблағи бузург ваъда кард
Sputnik Тоҷикистон
Ректори донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, ба устодоне, ки дар озмунҳои аз тарафи президент роҳандозӣ шуда, ҷойҳои ифтихорӣ мегиранд, 50 ҳазор сомонӣ дода мешавад
2022-06-14T13:16+0500
2022-06-14T13:16+0500
2022-06-14T14:02+0500
маориф
донишгоҳи омӯзгорӣ
омӯзгор
дастгирӣ
ректор
дар тоҷикистон
ҳавасмандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049162100_0:462:706:859_1920x0_80_0_0_96f8c8c82a195d17b2159453f696108d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ректори навтаъйини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) Аҳлиддин Ибодуллозода, ки тоза аз ҷониби президенти Тоҷикистон таъйин шуд, дар ҷаласаи нахустин аз дастгирии молии устодон гуфт.Ба гуфти Ибодуллозода, минбаъд ҷиҳати ҳавасмандагардонӣ дар ин мактаби олӣ ба муаллимоне, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд 10 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.Ҳамчунин, барои ҳимояи рисолаи докторӣ 15 ҳазор сомонӣ ва ба роҳбарони илмиашон 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.Дар ҷаласаи васеи назди ректори донишгоҳ ҳайати раёсат, деканон ва раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, инчунин мудирони кафедраҳо иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Ибодуллозода гуфтааст, ки ин иқдом дар заминаи дастури президент амалӣ гашта, мақсади асосии он беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон мебошад."Бо мақсади назорати ҷиддии низоми фаъолияти соҳаҳои таълиму илм дар факултетҳо бояд корро дар самти мазкур пурзӯр намоем", - таъкид кардааст ректор.Афзун бар ин, ректори нави донишгоҳ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки соли 2022 аз 3409 хатмкунандаи донишгоҳ, танҳо 3 донишҷӯ бо баҳои "аъло" таҳсил кардаанд.Дар ин росто, ректори донишгоҳ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта зикр намудааст, ки минбаъд ҷиҳати ҳавасмандагардонӣ омӯзгороне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии аз тарафи Пешвои миллат роҳандозӣ шуда, ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил мешаванд, 50 ҳазор сомонӣ ва ба донишҷӯён 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.Аҳлиддин Ибодуллозода, ки 10 июн бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин шуд, 38 сол дошта, доктори илмҳои таърих мебошад. Ӯ то ин дам директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар вазифа ректорӣ Ибодуллозода, Нуъмонҷон Ғаффорӣро иваз кард.
https://sputnik.tj/20220610/taghyiroti-kadr-dsohai-maorif-tojikiston-1049094205.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049162100_0:395:706:925_1920x0_80_0_0_c09d7d370f24f22fc1d1a363f648e129.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тадбирҳо, ҳавасмандкунӣ, омӯзгорони тоҷик , донишгоҳи омӯзгорӣ
тадбирҳо, ҳавасмандкунӣ, омӯзгорони тоҷик , донишгоҳи омӯзгорӣ
Ректори нави Донишгоҳи омӯзгорӣ ба бархе аз устодон маблағи бузург ваъда кард
13:16 14.06.2022 (Навсозишуда: 14:02 14.06.2022) Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, ба устодоне, ки дар озмунҳои аз тарафи президент роҳандозӣ шудаанд, ҷойҳои ифтихорӣ мегиранд, 50 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ректори навтаъйини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) Аҳлиддин Ибодуллозода, ки тоза аз ҷониби
президенти Тоҷикистон таъйин шуд, дар ҷаласаи нахустин аз дастгирии молии устодон гуфт.
Ба гуфти Ибодуллозода, минбаъд ҷиҳати ҳавасмандагардонӣ дар ин мактаби олӣ ба муаллимоне, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд 10 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.
Ҳамчунин, барои ҳимояи рисолаи докторӣ 15 ҳазор сомонӣ ва ба роҳбарони илмиашон 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Дар ҷаласаи васеи назди ректори донишгоҳ ҳайати раёсат, деканон ва раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, инчунин мудирони кафедраҳо иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Ибодуллозода гуфтааст, ки ин иқдом дар заминаи дастури президент амалӣ гашта, мақсади асосии он беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон мебошад.
"Бо мақсади назорати ҷиддии низоми фаъолияти соҳаҳои таълиму илм дар факултетҳо бояд корро дар самти мазкур пурзӯр намоем", - таъкид кардааст ректор.
Афзун бар ин, ректори нави донишгоҳ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки соли 2022 аз 3409 хатмкунандаи донишгоҳ, танҳо 3 донишҷӯ бо баҳои "аъло" таҳсил кардаанд.
Дар ин росто, ректори донишгоҳ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта зикр намудааст, ки минбаъд ҷиҳати ҳавасмандагардонӣ омӯзгороне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии аз тарафи Пешвои миллат роҳандозӣ шуда, ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил мешаванд, 50 ҳазор сомонӣ ва ба донишҷӯён 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ки 10 июн бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин шуд, 38 сол дошта, доктори илмҳои таърих мебошад.
Ӯ то ин дам директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар вазифа ректорӣ Ибодуллозода, Нуъмонҷон Ғаффорӣро иваз кард.