https://sputnik.tj/20220729/rahmon-tasiri-buhronho-iqtisodi-siyosi-rushdi-iqtisodi-1050339174.html
Раҳмон: Бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид
Раҳмон: Бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумат гуфт, дар шаш моҳ суръати мусбии рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардид
2022-07-29T09:00+0500
2022-07-29T09:00+0500
2022-07-29T12:52+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иқтисод
вазъ
рушд
маҷлиси ҳукумат
супориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049648950_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_e6e0d2b87de68354e2f10af440f1e974.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар вазъи иқтисоди кишварро хуб арзёбӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президент.Тибқи иттилои манбаъ, дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст масъалаҳо Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 ва дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 баррасӣ гардиданд.Дар ин маҷлис вобаста ба вазъи иқтисод ва дурнамои рушди кишвар вазирони бахши молия ва иқтисодии кишвар ҳисобот доданд.Раисҷумҳури кишвар дар ин маҷлис таъкид намуд, дар нимсолаи якуми соли 2022, бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир, идома ёфтани низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронии аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешидашуда рушди иқтисоди миллӣ, таъмин гардид.Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ рушди иқтисод дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 46, 2 миллиард сомонӣ баробар шуд.Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 2,5 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз, мусофиркашонӣ 11,1 фоиз ва гардиши савдои дохилӣ 8,6 фоиз таъмин гардид.Вай афзуд, сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли 2022 4,1 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 7 фоиз ва молҳои ғайриозуқа 2,3 фоиз ташаккул ёфтааст.Инчунин, роҳбари Тоҷикистон илова кард, ки дар давраи ҳисоботӣ сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ, пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии кишвар ва дигар тамоюлоти манфӣ, суръати мусбии рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардид.Дар маҷлиси Ҳукумат зикр гардид, ки дар соли 2021 сатҳи даромаднокии аҳолӣ 23 фоиз боло рафт.Баъди таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраву самараноки нақшаҳои давлатӣ ба Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
https://sputnik.tj/20220713/rahmon-buhroni-iqtisodivu-tahrimho-roghun-sokhta-1049958885.html
https://sputnik.tj/20220618/rahmon-dastur-bolo-narkhho-1049309901.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049648950_145:0:2874:2047_1920x0_80_0_0_6838c193ef5fac49b0c90970f88613c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, буҳрон, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, таъмин, раисҷумҳур
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, буҳрон, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, таъмин, раисҷумҳур
Раҳмон: Бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид
09:00 29.07.2022 (Навсозишуда: 12:52 29.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумат гуфт, дар шаш моҳ суръати мусбии рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар вазъи иқтисоди кишварро хуб арзёбӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президент.
Тибқи иттилои манбаъ, дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст масъалаҳо Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 ва дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 баррасӣ гардиданд.
Дар ин маҷлис вобаста ба вазъи иқтисод ва дурнамои рушди кишвар вазирони бахши молия ва иқтисодии кишвар ҳисобот доданд.
Раисҷумҳури кишвар дар ин маҷлис таъкид намуд, дар нимсолаи якуми соли 2022, бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир, идома ёфтани низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронии аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешидашуда рушди иқтисоди миллӣ, таъмин гардид.
Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ рушди иқтисод дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 46, 2 миллиард сомонӣ баробар шуд.
“Дар моҳҳои январ — июни соли 2022 нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 102 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 15, 1 миллиард сомонӣ ворид шуд”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 2,5 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз, мусофиркашонӣ 11,1 фоиз ва гардиши савдои дохилӣ 8,6 фоиз таъмин гардид.
Вай афзуд, сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли 2022 4,1 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 7 фоиз ва молҳои ғайриозуқа 2,3 фоиз ташаккул ёфтааст.
Инчунин, роҳбари Тоҷикистон илова кард, ки дар давраи ҳисоботӣ сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ, пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии кишвар ва дигар тамоюлоти манфӣ, суръати мусбии рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумат зикр гардид, ки дар соли 2021 сатҳи даромаднокии аҳолӣ 23 фоиз боло рафт.
Баъди таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраву самараноки нақшаҳои давлатӣ ба Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.