https://sputnik.tj/20220730/sukhtori-qahvakhonai-azizjon-dar-nohiyai-bobojon-ghafurov-1050374283.html
Қаҳвахонаи маъруфе дар вилояти Суғд оташ гирифт
Қаҳвахонаи маъруфе дар вилояти Суғд оташ гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Оташнишонҳо тавонистаанд тӯли як соат пурра алангаи оташро хомӯш намуда иморату иншоотҳои атрофро аз зарарёбӣ пешгирӣ кардаанд
2022-07-30T15:26+0500
2022-07-30T15:26+0500
2022-08-01T17:43+0500
сӯхтор
суғд
қаҳвахона
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1e/1050373964_90:0:910:461_1920x0_80_0_0_99849aa9e14fc0cc7b347772cbbe9814.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Қаҳвахонаи “Азизҷон”, ки дар шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров ҷойгир буд, сӯхтааст. Оташсӯзӣ қабл аз зуҳр сар зада, бар асари сӯхтор боми он ба пуррагӣ хокистар шудааст. Ба маҳалли ҳодиса шаш мошини сӯхторнишонӣ сафарбар шудааст.Бахтиёр Сайдуллозода, сардори Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъйиди ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сӯхтор соати 11: 30 дақиқа сар зада беш аз 160 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Ӯ иброз намуд, ки баробари ворид шудани занги хатар шаш мошини сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудааст. Оташнишонҳо тавонистаанд дар тули як соат пурра алангаи оташро хомӯш намуда иморату иншоотҳои атрофро аз зарарёбӣ пешгирӣ кардаанд.Зимнан хисороти расида аз оташсӯзӣ таҳқиқ мешавад. Қаҳвахонаи “Азизҷон” яке аз маъруфтарин ошхонаҳои Суғд маҳсуб мешуд. Сӯхтори он 210 умин мавриди оташсӯзӣ дар Суғд аз аввали сол гуфта мешавад.Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон қаблани зимни нишасти матбуотияш гуфт, ки дар дар шаш моҳи аввали соли равон дар кишвар 472 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳолат кам мебошад.Ба иттилои манбаъ, хисорот аз ин сӯхторҳо 14 миллиону 394 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
https://sputnik.tj/20220720/rahimzoda-khisoroti-sukhtor-somoniro-1050113344.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1e/1050373964_192:0:807:461_1920x0_80_0_0_eaaab54f5619a92c135f2e70f068e923.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сӯхтор қаҳвахона “азизҷон” бобоҷон ғафуров
сӯхтор қаҳвахона “азизҷон” бобоҷон ғафуров
Қаҳвахонаи маъруфе дар вилояти Суғд оташ гирифт
15:26 30.07.2022 (Навсозишуда: 17:43 01.08.2022) Оташнишонҳо тавонистаанд тӯли як соат пурра алангаи оташро хомӯш намуда иморату иншооти атрофро аз зарарёбӣ пешгирӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Қаҳвахонаи “Азизҷон”, ки дар шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров ҷойгир буд, сӯхтааст.
Оташсӯзӣ қабл аз зуҳр сар зада, бар асари сӯхтор боми он ба пуррагӣ хокистар шудааст. Ба маҳалли ҳодиса шаш мошини сӯхторнишонӣ сафарбар шудааст.
Бахтиёр Сайдуллозода, сардори Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъйиди ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сӯхтор соати 11: 30 дақиқа сар зада беш аз 160 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
“Бино ба натиҷаҳои аввалия маълум шудааст, ки сӯхтор аз ҳисоби мурии сихкабобпазӣ рух дода боми биноро фаро гирифтааст. Хушбахтона ба нафарони дар дохили қаҳвахона қарордошта осеб нарасидааст”, – гуфт, Сайдуллозода.
Ӯ иброз намуд, ки баробари ворид шудани занги хатар шаш мошини сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудааст.
Оташнишонҳо тавонистаанд дар тули як соат пурра алангаи оташро хомӯш намуда иморату иншоотҳои атрофро аз зарарёбӣ пешгирӣ кардаанд.
Зимнан хисороти расида аз оташсӯзӣ таҳқиқ мешавад.
Қаҳвахонаи “Азизҷон” яке аз маъруфтарин ошхонаҳои Суғд маҳсуб мешуд. Сӯхтори он 210 умин мавриди оташсӯзӣ дар Суғд аз аввали сол гуфта мешавад.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон қаблани зимни нишасти матбуотияш гуфт, ки дар дар шаш моҳи аввали соли равон дар кишвар 472 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳолат кам мебошад.
Ба иттилои манбаъ, хисорот аз ин сӯхторҳо 14 миллиону 394 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.