https://sputnik.tj/20220720/tojikiston-narkhi-chiptai-qatora-dushanbe-volgogradro-1050114639.html
Дар Тоҷикистон нархи чиптаи қатора аз Душанбе то Волгоградро эълон карданд
Дар Тоҷикистон нархи чиптаи қатора аз Душанбе то Волгоградро эълон карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки нархи чиптаи қатора аз Душанбе то Волгогради Русия то 1,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод
2022-07-20T10:20+0500
2022-07-20T10:20+0500
2022-07-20T11:53+0500
дар тоҷикистон
дар русия
волгоград
чипта
нарх
мусофир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049367050_0:38:1280:758_1920x0_80_0_0_7bb44c3018e7b9f63811db5c3d131047.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ахиран Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳо дар минтақаи Хатлон зимни нишасти матбуотӣ дар бораи нархи эҳтимолии роҳкирои қаторҳои хатсайри Душанбе - Волгоград хабар дод.Ба гуфтаи ин мансабдори тоҷик, фурӯши чиптаҳо рӯзҳои наздик оғоз мешавад ва мувофиқи ҳисоби пешакӣ, нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Волгоград 1400-1500 пешбинӣ шудааст.“Агар чипта пештар аз як моҳ харидорӣ шавад, то 200-300 сомонӣ арзон мешавад”- гуфт ин масъули роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон.Номбурда ҳамчунин илова кард, ки кушодашавии хатсайрҳои дигари қаторҳои мусофирбарӣ низ дар назар аст, аммо ӯ дар бораи хатсайрҳои нав чизи мушаххасе нагуфт.Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.Бояд гуфт, ки ҳаракати дубораи қатораҳои мусофирбарӣ баъди беш аз ду соли таваққуф байни ду кишвар рӯзи 30 августи соли 2022 шурӯъ мешавад.Қатораи нахустини мусофирбар аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба - рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.Аввалин қатораи мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба Волгоград сафар раҳсипор хоҳад шуд.Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград низ барқарор мешавад ва рӯзҳои чоршанбе аз Хуҷанд ба Волгоград ва рӯзҳои шанбе аз Волгоград ба Хуҷанд сафар мекунад.Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20210618/muhojiron-rusiya-qatora-1040285811.html
волгоград
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049367050_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_e5706316388a5e816430bfe1a44cb60c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қатора, душанбе, русия, волгоград, чипта, нарх
тоҷикистон, қатора, душанбе, русия, волгоград, чипта, нарх
Дар Тоҷикистон нархи чиптаи қатора аз Душанбе то Волгоградро эълон карданд
10:20 20.07.2022 (Навсозишуда: 11:53 20.07.2022) Масъулини "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон хабар додаанд, ки нархи чиптаи қатора аз Душанбе то Волгогради Русия то 1,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ахиран Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳо дар минтақаи Хатлон зимни нишасти матбуотӣ дар бораи нархи эҳтимолии роҳкирои қаторҳои хатсайри Душанбе - Волгоград хабар дод.
Ба гуфтаи ин мансабдори тоҷик, фурӯши чиптаҳо рӯзҳои наздик оғоз мешавад ва мувофиқи ҳисоби пешакӣ, нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Волгоград 1400-1500 пешбинӣ шудааст.
“Агар чипта пештар аз як моҳ харидорӣ шавад, то 200-300 сомонӣ арзон мешавад”- гуфт ин масъули роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон.
Номбурда ҳамчунин илова кард, ки кушодашавии хатсайрҳои дигари қаторҳои мусофирбарӣ низ дар назар аст, аммо ӯ дар бораи хатсайрҳои нав чизи мушаххасе нагуфт.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.
Бояд гуфт, ки ҳаракати дубораи қатораҳои мусофирбарӣ баъди беш аз ду соли таваққуф байни ду кишвар рӯзи 30 августи соли 2022 шурӯъ мешавад.
Қатораи нахустини мусофирбар аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба - рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.
Аввалин қатораи мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба Волгоград сафар раҳсипор хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград низ барқарор мешавад ва рӯзҳои чоршанбе аз Хуҷанд ба Волгоград ва рӯзҳои шанбе аз Волгоград ба Хуҷанд сафар мекунад.
Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.