https://sputnik.tj/20220730/afzoish-giriftoron-koronavirus-qazoqiston-1050373267.html
Афзоиши босуръати гирифторони коронавирус дар Қазоқистон: омори нав
Афзоиши босуръати гирифторони коронавирус дар Қазоқистон: омори нав
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон ҳамарӯза ҳолатҳои гирифторӣ ба маризии коронавирус рӯ ба афзоиш буда, давоми 24 соати ахир ба сатҳи рекордӣ расидааст
2022-07-30T16:10+0500
2022-07-30T16:10+0500
2022-08-01T17:42+0500
коронавирус
ом
қазоқистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046450089_0:0:3255:1830_1920x0_80_0_0_8766f5376a3e620332cab165ad2a2c47.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон аз афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз вируси COVID - 19 хабар медиҳад.Ин ниҳод мегӯяд, дар 24 соати ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 3107 ҳолати нави гирифторӣ ба вирус сабт гардид, дар ҳоле, ки як рӯз қабл ин рақам ба 3095 нафар баробар буд.Аз 3107 мубталоёни ахири, бештари онҳо дар Нур-Султон, Алмаато ва вилояти Қарағанда мебошанд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар 1 347 467 ҳолат тасдиқ шудааст, ки аз он 1 308 626 нафар шифо ёфтаанд.Маврид ба зикр аст, ки коронавирус мёни кишварҳои минтақа бештар аз ҳама дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон паҳн мешавад.Ёдовар мешавем, ки ахиран Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки феълан ягон ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ ҷой надорад.Дар зимн ҳушдор дод, ки эҳтимоли вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ҷой дорад."Вақте гардиши вирус асту муҳоҷирати аҳолӣ ҷой дорад, ворид шудани вирус аз эҳтимол дур нест", - афзуд Абдуллозода.Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус, чун пештара дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ идома дорад. Дар сурати ҷой доштани ҳарорати баланду набудани шаҳодатномаи ваксина ҳатман таҳлилҳо гузаронда мешаванд.
https://sputnik.tj/20220711/olimon-alomat-nav-koronavirus-muayyan-1049905517.html
ом
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/02/1046450089_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_368a0ba845945c226e24177e52d6e3df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиши гирифторон коронавирус қазоқистон
афзоиши гирифторон коронавирус қазоқистон
Афзоиши босуръати гирифторони коронавирус дар Қазоқистон: омори нав
16:10 30.07.2022 (Навсозишуда: 17:42 01.08.2022) Дар Қазоқистон ҳамарӯза ҳолатҳои гирифторӣ ба маризии коронавирус рӯ ба афзоиш буда, гирифторӣ ба ин беморӣ дар давоми 24 соати ахир ба сатҳи рекордӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон аз афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз вируси COVID - 19 хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар 24 соати ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 3107 ҳолати нави гирифторӣ ба вирус сабт гардид, дар ҳоле, ки як рӯз қабл ин рақам ба 3095 нафар баробар буд.
Аз 3107 мубталоёни ахири, бештари онҳо дар Нур-Султон, Алмаато ва вилояти Қарағанда мебошанд.
Дар маҷмӯъ, дар кишвар 1 347 467 ҳолат тасдиқ шудааст, ки аз он 1 308 626 нафар шифо ёфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки коронавирус мёни кишварҳои минтақа бештар аз ҳама дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон паҳн мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки феълан ягон ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ ҷой надорад.
Дар зимн ҳушдор дод, ки эҳтимоли вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ҷой дорад.
"Вақте гардиши вирус асту муҳоҷирати аҳолӣ ҷой дорад, ворид шудани вирус аз эҳтимол дур нест", - афзуд Абдуллозода.
Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус, чун пештара дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ идома дорад. Дар сурати ҷой доштани ҳарорати баланду набудани шаҳодатномаи ваксина ҳатман таҳлилҳо гузаронда мешаванд.