https://sputnik.tj/20220711/olimon-alomat-nav-koronavirus-muayyan-1049905517.html
Олимон аломати нави коронавирусро муайян карданд
Олимон аломати нави коронавирусро муайян карданд
Sputnik Тоҷикистон
Аломати иловагии ВА.5 ин арақкунии шабона аст. Он метавонад ба ҳадде қавӣ бошад, ки ҳам либос ва ҳам кати хоб тар мешавад
2022-07-11T13:13+0500
2022-07-11T13:13+0500
2022-07-11T13:28+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044932610_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_4104ceacc489942d8258b368f13d5191.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Олимон аломати нави як варианти штамми омикронии сирояти коронавирусро муайян карданд, хабар медиҳад lenta.ru бо истинод ба The Sun."Аломати иловагии BA.5 арақкунии шабона аст. Он метавонад ба ҳадде қавӣ бошад, ки ҳам либос ва ҳам кати хоб тар мешавад", - мегӯяд Люк О'Нил, иммунолог ва профессори биохимия.Ба гуфтаи ӯ, ин нишона ба ҳеҷ ваҷҳ ба болоравии ҳарорат рабт надорад. Қаблан Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дода буд, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.Тибқи маълумоти расмӣ, дар ду ҳафтаи охир мизони бемории COVID-19 тақрибан 30% афзоиш ёфтааст.Кормандони Созмони ҷаҳонии беҳдошт бар ин назаранд, ки ин ба паҳншавии зернамудҳои мавҷудаи штамми омикронии сирояти коронавирус вобаста аст.Қаблан сироятшиноси рус ҳадс зад, ки дар миёнаҳои моҳи август ва авоили тирамоҳ бемории коронавирус дар Русия боз авҷ мегирад."Ним сол гузашт, масуният паст мешавад ва одамон боз бемор мешаванд... Ба ҳар ҳол, афзоиши беморӣ мушоҳида мешавад - тақрибан аз нимаи моҳи август ва тирамоҳ", - гуфт Евгений Тимаков.Вай қайд кард, ки то ҳол тибқи омор, дар Русия теъдоди беморони гирифтори коронавирус дар бемористонҳо афзоиш наёфтааст.Дар Тоҷикистон муддати зиёд ягон ҳолати сироят шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст, вале бо вуҷуди ин назорат дар марз пурзӯр карда шудааст.
https://sputnik.tj/20220710/siroyatshinos-az-khatari-avji-giriftori-ba-koronavirus-dar-rusiya-hushdor-dod-1049893155.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044932610_528:0:3259:2048_1920x0_80_0_0_4077166c89d70959473a4aa4337acf8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олимон коронавирус аломати нав
олимон коронавирус аломати нав
Олимон аломати нави коронавирусро муайян карданд
13:13 11.07.2022 (Навсозишуда: 13:28 11.07.2022) Аломати иловагии ВА.5 ин арақкунии шабона аст. Он метавонад ба ҳадде зиёд бошад, ки ҳам либос ва ҳам кати хоб тар мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Олимон аломати нави як варианти штамми омикронии сирояти коронавирусро муайян карданд, хабар медиҳад lenta.ru бо истинод ба The Sun.
"Аломати иловагии BA.5 арақкунии шабона аст. Он метавонад ба ҳадде қавӣ бошад, ки ҳам либос ва ҳам кати хоб тар мешавад", - мегӯяд Люк О'Нил, иммунолог ва профессори биохимия.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишона ба ҳеҷ ваҷҳ ба болоравии ҳарорат рабт надорад.
"Аломати нав натиҷаи вохӯрии вируси нав бо системаи масуният аст. Дар натиҷа дар организми инсон вариантҳои нави беморӣ пайдо мекунед", - гуфт профессор.
Қаблан Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дода буд, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ду ҳафтаи охир мизони бемории COVID-19 тақрибан 30% афзоиш ёфтааст.
Кормандони Созмони ҷаҳонии беҳдошт бар ин назаранд, ки ин ба паҳншавии зернамудҳои мавҷудаи штамми омикронии сирояти коронавирус вобаста аст.
Қаблан сироятшиноси рус ҳадс зад, ки дар миёнаҳои моҳи август ва авоили тирамоҳ бемории коронавирус дар Русия боз авҷ мегирад.
"Ним сол гузашт, масуният паст мешавад ва одамон боз бемор мешаванд... Ба ҳар ҳол, афзоиши беморӣ мушоҳида мешавад - тақрибан аз нимаи моҳи август ва тирамоҳ", - гуфт Евгений Тимаков.
Вай қайд кард, ки то ҳол тибқи омор, дар Русия теъдоди беморони гирифтори коронавирус дар бемористонҳо афзоиш наёфтааст.
Дар Тоҷикистон муддати зиёд ягон ҳолати сироят шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст, вале бо вуҷуди ин назорат дар марз пурзӯр карда шудааст.