https://sputnik.tj/20220729/sukhtor-fojiabor-maskav-muhojiron-1050342668.html
Сӯхтори пурқурбонӣ дар Маскав: аз ҳалокшудаҳо муҳоҷирони корӣ зикр мешавад
Сӯхтори пурқурбонӣ дар Маскав: аз ҳалокшудаҳо муҳоҷирони корӣ зикр мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҳалокшудаҳо дар сӯхтори шабона дар кӯчаи Алмаатои шаҳри Маскав муҳоҷирони меҳнатӣ ном бурда мешавад, ки дар бозори "Садовод" кор мекардаанд
2022-07-29T12:20+0500
2022-07-29T12:20+0500
2022-07-29T12:41+0500
дар русия
муҳоҷират
хобгоҳ
сӯхтор
бозор
ҳалокат
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034299_0:90:2859:1698_1920x0_80_0_0_ced1dd0048f7c7958b681112f812289e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сӯхтори хобгоҳе дар Маскав 8 кушта ва 4 маҷруҳ барҷой гузошт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд, хабар додаанд расонаҳо. Ба иттилои РИА "Новости" маълумот дар бораи сӯхтор дар ошёнаи якуми хобгоҳ соати 23:47 дақиқаи шаби гузашта ба хадамоти изтирорӣ ворид шуда, аллакай соати 00:47 дақиқа хомӯш карда шудааст. Сабаби сӯхтор ба иттилои пешакӣ дастгоҳи барқӣ шудааст. Дар зимн таъкид мешавад, ки сокинони маҳаллӣ кӯшиш кардаанд, ки ба қурбониён кумак кунанд ва панҷараҳоро шикананд, аммо натавонистаанд. Хабаргузории ТАСС аз қавли манбааш овардааст, ки ҳамаи ҳалокшудаҳо дар як ҳуҷра хоб буда, бар асари заҳролудшавӣ аз гази сӯхтор ҷон додаанд. Истисно нест, ки ҳангоми сӯхтор онҳо хоб будаанд, афзудаст манбаъ. Расонаҳо таъкид кардаанд, ки дар ин хобгоҳ асосан муҳоҷирони меҳнатӣ иқомат мекардаанд, ки дар маҷмааи тиҷоратии "Москва" ва бозори "Садовод", ки дар қарибии он қарор доранд, кор мекунанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия изҳор доштааст, ки маъмурияти хобгоҳи мазкур борҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нақз карда буд ва чанд бор дастур барои ислоҳи камбудиҳо гирифта буданд. Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки миёни кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё на. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати маълум шудани иттилои бештар онро ироа хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220706/muhojiron-tibb-roygon-rusiya-1049779185.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034299_239:0:2620:1786_1920x0_80_0_0_2f968d0023daf7a698ff196e61ed7f68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат, муҳоҷирон, сӯхтор, маскав, пурқурбонӣ
ҳалокат, муҳоҷирон, сӯхтор, маскав, пурқурбонӣ
Сӯхтори пурқурбонӣ дар Маскав: аз ҳалокшудаҳо муҳоҷирони корӣ зикр мешавад
12:20 29.07.2022 (Навсозишуда: 12:41 29.07.2022) Аз ҳалокшудаҳо дар сӯхтор дар кӯчаи Алмаатои шаҳри Маскав муҳоҷирони меҳнатӣ ном бурда мешавад, ки дар бозори "Садовод"-у атрофи он кор мекардаанд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сӯхтори хобгоҳе дар Маскав 8 кушта ва 4 маҷруҳ барҷой гузошт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд, хабар додаанд расонаҳо.
Ба иттилои РИА "Новости" маълумот дар бораи сӯхтор дар ошёнаи якуми хобгоҳ соати 23:47 дақиқаи шаби гузашта ба хадамоти изтирорӣ ворид шуда, аллакай соати 00:47 дақиқа хомӯш карда шудааст. Сабаби сӯхтор ба иттилои пешакӣ дастгоҳи барқӣ шудааст.
Дар зимн таъкид мешавад, ки сокинони маҳаллӣ кӯшиш кардаанд, ки ба қурбониён кумак кунанд ва панҷараҳоро шикананд, аммо натавонистаанд.
Хабаргузории ТАСС аз қавли манбааш овардааст, ки ҳамаи ҳалокшудаҳо дар як ҳуҷра хоб буда, бар асари заҳролудшавӣ аз гази сӯхтор ҷон додаанд. Истисно нест, ки ҳангоми сӯхтор онҳо хоб будаанд, афзудаст манбаъ.
Расонаҳо таъкид кардаанд, ки дар ин хобгоҳ асосан муҳоҷирони меҳнатӣ иқомат мекардаанд, ки дар маҷмааи тиҷоратии "Москва" ва бозори "Садовод", ки дар қарибии он қарор доранд, кор мекунанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия изҳор доштааст, ки маъмурияти хобгоҳи мазкур борҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нақз карда буд ва чанд бор дастур барои ислоҳи камбудиҳо гирифта буданд.
Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки миёни кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё на. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати маълум шудани иттилои бештар онро ироа хоҳад кард.