https://sputnik.tj/20220706/muhojiron-tibb-roygon-rusiya-1049779185.html
Муҳоҷирон ба тибби ройгон дар Русия дастрасӣ пайдо мекунанд: тафсилот
Муҳоҷирон ба тибби ройгон дар Русия дастрасӣ пайдо мекунанд: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Дар солҳои наздик коргарони хориҷӣ дар Русия метавонанд аз хадамоти тиббии ройгон дар асоси бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русиягиҳо бархӯрдор бошанд
2022-07-06T09:36+0500
2022-07-06T09:36+0500
2022-07-06T13:53+0500
дар русия
муҳоҷират
рухсатӣ
тандурустӣ
бемор
муолиҷа
қонун
думаи давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044900717_0:31:2932:1680_1920x0_80_0_0_d0594694f189be951518a31d94cc27e9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Думаи давлатии Русия Қонун дар бораи фонди ягонаи иҷтимоиро қабул кард, ки тарифҳои ягонаи пардохтҳои суғуртавӣ барои нафақаи ҳатмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббиро фаро мегирад. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ зимни шарҳи қонун изҳор дошт, ки аз соли 2023 тарифҳои ягона муқаррар карда мешаванд. Таъкид шудааст, ки ин қонун нисбати муҳоҷирони корӣ низ татбиқ хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, коргарони хориҷӣ дар Русия метавонанд дар чаҳорчӯби бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русияҳо аз хидматҳои тиббӣ ройгон истифода баранд.Дар зимн Ярослав Нилов, раиси кумитаи соҳавии парлумони Русия оид ба сиёсати иҷтимоӣ, тавзеҳ дод, ки “туризми тиббӣ” вуҷуд нахоҳад дошт. Вай афзуд, муҳоҷирон танҳо се сол пас аз пардохти ҳаққи бима аз корфармоёнашон ба таври умумӣ муолиҷа хоҳанд шуд. Ва то он лаҳза танҳо ёрии таъҷилии тиббӣ ба хориҷиёни коргар ройгон дастрас хоҳад буд. Инчунин, бар асоси қонуни мазкур аҳолӣ ҳаққи бештар ба рухсатӣ барои табобат хоҳанд дошт. Шахсоне, ки аз рӯи шартномаи ҳуқуқӣ - шаҳрвандӣ кор мекунанд, метавонанд барои рухсатӣ дар робита ба вазъи саломатӣ муроҷиат кунанд. Аз ҷумла барои ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдак то 1,5 сол маблағ мегиранд. Зикр шудааст, ки ислоҳоти зикршудаи иҷтимоӣ дар доираи тарҳи таъсиси Хазинаи иҷтимоӣ дар Русия сурат мегирад. Ҳадафи он эҷоди як платформаи рақамӣ мебошад, ки тамоми системаҳои иттилоотии дар соҳаи иҷтимоӣ мавҷудбударо муттаҳид мекунаду барои беҳбуди кор дар ин самт мусоидат менамояд.
https://sputnik.tj/20220703/sanjish-qonun-huzur-muhojiron-rusiya-1049705625.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044900717_201:0:2932:2048_1920x0_80_0_0_27476a9aecd19c5f1fe20b9b1e01ac66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, русия, тиб, ройгон, табобат
муҳоҷирон, русия, тиб, ройгон, табобат
Муҳоҷирон ба тибби ройгон дар Русия дастрасӣ пайдо мекунанд: тафсилот
09:36 06.07.2022 (Навсозишуда: 13:53 06.07.2022) Дар солҳои наздик коргарони хориҷӣ дар Русия метавонанд аз хадамоти тиббии ройгон дар асоси бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русиягиҳо бархӯрдор бошанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Думаи давлатии Русия Қонун дар бораи фонди ягонаи иҷтимоиро қабул кард, ки тарифҳои ягонаи пардохтҳои суғуртавӣ барои нафақаи ҳатмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббиро фаро мегирад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ зимни шарҳи қонун изҳор дошт, ки аз соли 2023 тарифҳои ягона муқаррар карда мешаванд.
Таъкид шудааст, ки ин қонун нисбати муҳоҷирони корӣ низ татбиқ хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, коргарони хориҷӣ дар Русия метавонанд дар чаҳорчӯби бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русияҳо аз хидматҳои тиббӣ ройгон истифода баранд.
Дар зимн Ярослав Нилов, раиси кумитаи соҳавии парлумони Русия оид ба сиёсати иҷтимоӣ, тавзеҳ дод, ки “туризми тиббӣ” вуҷуд нахоҳад дошт.
Вай афзуд, муҳоҷирон танҳо се сол пас аз пардохти ҳаққи бима аз корфармоёнашон ба таври умумӣ муолиҷа хоҳанд шуд. Ва то он лаҳза танҳо ёрии таъҷилии тиббӣ ба хориҷиёни коргар ройгон дастрас хоҳад буд.
Инчунин, бар асоси қонуни мазкур аҳолӣ ҳаққи бештар ба рухсатӣ барои табобат хоҳанд дошт.
Шахсоне, ки аз рӯи шартномаи ҳуқуқӣ - шаҳрвандӣ кор мекунанд, метавонанд барои рухсатӣ дар робита ба вазъи саломатӣ муроҷиат кунанд. Аз ҷумла барои ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдак то 1,5 сол маблағ мегиранд.
Зикр шудааст, ки ислоҳоти зикршудаи иҷтимоӣ дар доираи тарҳи таъсиси Хазинаи иҷтимоӣ дар Русия сурат мегирад. Ҳадафи он эҷоди як платформаи рақамӣ мебошад, ки тамоми системаҳои иттилоотии дар соҳаи иҷтимоӣ мавҷудбударо муттаҳид мекунаду барои беҳбуди кор дар ин самт мусоидат менамояд.