https://sputnik.tj/20220729/istehsoli-ord-kohish-raisjumhur-tojikiston-1050339365.html
Истеҳсоли орд коҳиш ёфт: Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард
Истеҳсоли орд коҳиш ёфт: Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар корхонаҳои кишвар истеҳсоли орд 35 фоиз кам шудааст
2022-07-29T09:30+0500
2022-07-29T09:30+0500
2022-07-29T12:52+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
маҷлиси ҳукумат
истеҳсол
орд
гандум
супориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138197_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_b54d788fa0e199bb99e9f5ee75c01f86.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон, хостори пайдо кардани роҳҳои алтернативии воридоти гандум ба кишвар шудааст. Ин дастурро Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат ба масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ дод, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.Вай таъкид намудаст, ки барои мунтазам ворид намудани гандум аз хориҷи кишвар, инчунин дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти он бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамзамон, раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки бо вуҷуди он ки дар нимсолаи якуми соли 2022 рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 107,2%-ро ташкил кардааст, вале ҳанӯз ҳам имконияту захираҳои мавҷудаи кишвар дар самти мазкур пурра ва самаранок истифода намешаванд.Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони кишварро вазифадор кард, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ фаъолиятро дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани се - чор ҳосил, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъйиноти ғизоӣ, хусусан, дар кишти такрорӣ тақвият бахшанд.Дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшида, дар ҳар як оила захира намудани озуқавориро барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 - 2023 ва мавсими соли оянда таъмин намоянд, афзудаст ӯ.Роҳбари кишвар ҳамчунин хостори истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаҳои доимамалкунанда ва анбору сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот, ба роҳ мондани парвариши тухмиҳои баландсифат, бунёду барқарорсозии боғу токзор ва дастгирии ҳаматарафаи хоҷагиҳои кишоварзӣ шудаст.
https://sputnik.tj/20220729/rahmon-tasiri-buhronho-iqtisodi-siyosi-rushdi-iqtisodi-1050339174.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138197_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_291f15a402540e3afc40796b7a72bae9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, истеҳсол, орд, корхона, маҷлиси ҳукумаӣ, супориш
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, истеҳсол, орд, корхона, маҷлиси ҳукумаӣ, супориш
Истеҳсоли орд коҳиш ёфт: Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард
09:30 29.07.2022 (Навсозишуда: 12:52 29.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар корхонаҳои кишвар истеҳсоли орд 35% кам шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон, хостори пайдо кардани роҳҳои алтернативии воридоти гандум ба кишвар шудааст.
Ин дастурро Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат ба масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ дод, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Вай таъкид намудаст, ки барои мунтазам ворид намудани гандум аз хориҷи кишвар, инчунин дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти он бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамзамон, раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки бо вуҷуди он ки дар нимсолаи якуми соли 2022 рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 107,2%-ро ташкил кардааст, вале ҳанӯз ҳам имконияту захираҳои мавҷудаи кишвар дар самти мазкур пурра ва самаранок истифода намешаванд.
Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони кишварро вазифадор кард, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ фаъолиятро дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани се - чор ҳосил, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъйиноти ғизоӣ, хусусан, дар кишти такрорӣ тақвият бахшанд.
Дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшида, дар ҳар як оила захира намудани озуқавориро барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 - 2023 ва мавсими соли оянда таъмин намоянд, афзудаст ӯ.
Роҳбари кишвар ҳамчунин хостори истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаҳои доимамалкунанда ва анбору сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот, ба роҳ мондани парвариши тухмиҳои баландсифат, бунёду барқарорсозии боғу токзор ва дастгирии ҳаматарафаи хоҷагиҳои кишоварзӣ шудаст.