Пардохт нашудани маошу нафақаи даҳҳо ҳазор нафар дар Суғд ошкор шудааст

© Sputnik / / Игорь ЛекаркинПодсчет денег, архивное фото
Подсчет денег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Мақомоти додситонии вилояти Суғд дар давоми нимсолаи аввали соли равон ҳолатҳои пардохт нашудани маоши ҳазорҳо кормандро ошкор кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Корфармоён дар вилояти Суғд дар пардохти музди меҳнати наздик ба 20 ҳазор корманд ба таъхиркорӣ роҳ додаанд, ки баъди дахолати прокурорҳо бартараф шудааст.
Бар асоси иттилоияи додситонии вилояти Суғд, зимни санҷишҳо ҳолатҳои ба таъхир андохтани маоши 19 ҳазору 992 корманд ошкор шудааст, ки маблағи умумии он зиёда аз 35 млн сомониро ташкил додааст.
Таъкид шуд, ки музди кормандон баъди додани амрҳои прокурорӣ пардохт карда шудааст.
"Барои роҳ додан ба ҳолатҳои сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон 106 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 28 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар 3 ҳолат парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Прокурорҳои Суғд ҳамчунин ҳолатҳои пардохт нашудани нафақа ба бознишастаҳо дар вилоятро низ ошкор кардаанд.
"Бо додани амрҳои прокурорӣ нафақаи 8,8 ҳазор шаҳрванд ба маблағи беш аз 2,8 млн сомонӣ пардохт карда шудаст", - афзуд манбаъ.
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Маош дар Тоҷикистон: вазир гуфт, кӣ 11 ҳазору кӣ 600 сомонӣ мегирад
Тибқи гузориши прокуратураи вилояти Суғд, дар нимаи якуми соли ҷорӣ, дар асоси санадҳои прокурорӣ 2920 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 902 кас ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд.
Зикр гардид, ки аз онҳо ба манфиати давлат ва шаҳрвандону корхонаҳои ғайридавлатӣ 150,2 млн сомонӣ рӯёнида шуда, ҳуқуқи 29054 шаҳрвандон барқарор карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0