https://sputnik.tj/20220729/dodsiton-sughd-kushtor-tamizkor-devashtich-1050341524.html
Таҳдиди ҳабси абад ва шарҳи прокурор дар бораи қатли 2 зани фаррош дар Суғд
Таҳдиди ҳабси абад ва шарҳи прокурор дар бораи қатли 2 зани фаррош дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Ба муттаҳам дар куштори тамизкорон дар идораи замини ноҳияи Деваштич дар сурати исботи гуноҳаш дар додгоҳ ҳабси абад таҳдид мекунад
2022-07-29T11:50+0500
2022-07-29T11:50+0500
2022-07-29T12:42+0500
дар тоҷикистон
қарор
вилоят
суғд
парванда
тафтиш
деваштич
идора
замин
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1d/1050341646_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_fd69b2621e97aed2385b2b22b44f3146.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Додситони вилояти Суғд таъйид кард, ки бо иттиҳоми қатли тамизкори идораи замин дар ноҳияи Деваштич корманди ин ниҳод боздошт шудааст. Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд, гуфт, дар пайи амалиёту санҷишҳои оперативӣ, ки мақомоти додситонӣ, амнияти миллӣ ва умури дохилӣ гузарондаанд, ҳамчун гумонбари марги 2 зан корманди идораи замини ноҳияи Деваштич боздошт шудааст. Ӯ афзуд, алайҳи муттаҳам, ки феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, бар асоси моддаи 104 қисми 2 бандҳои А ва Г-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст. Банди А-и моддаи зикршуда, куштори ду шахс ё бештар аз он ва банди Г - куштори марбут ба одамрабоӣ ё гаравгонгириро фаро мегиранд, ки ҷазо дар намуди ҳабс аз 15 то якумраро пешбинӣ мекунанд. Хоҷазода таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур таҳти назорати додситони вилоят қарор дорад. Қаблан манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Деваштич ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳодисаи куштори ду зани фаррош рӯзи 17-уми июл дар дохили идораи заминсозии ноҳия рух додааст.Аз занони кушташуда, узви як хонавода, сокинони ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич ном бурда мешавад, ки ҷанозаи онҳо бегоҳии он рӯз ба хок супурда шудааст.
https://sputnik.tj/20220719/fojea-devashtich-kumitai-zaminsozi-zani-farroshi-kushta-1050111603.html
суғд
деваштич
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1d/1050341646_120:0:1080:720_1920x0_80_0_0_3310f9c82411fd6b3685ca1a4277c1ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳдид, ҳабс, абад, куштор, зан,
таҳдид, ҳабс, абад, куштор, зан,
Таҳдиди ҳабси абад ва шарҳи прокурор дар бораи қатли 2 зани фаррош дар Суғд
11:50 29.07.2022 (Навсозишуда: 12:42 29.07.2022) Муттаҳами куштори тамизкорон дар идораи замини ноҳияи Деваштичро дар сурати исботи гуноҳаш дар додгоҳ ҳабси абад таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Додситони вилояти Суғд таъйид кард, ки бо иттиҳоми қатли тамизкори идораи замин дар ноҳияи Деваштич корманди ин ниҳод боздошт шудааст.
Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд, гуфт, дар пайи амалиёту санҷишҳои оперативӣ, ки мақомоти додситонӣ, амнияти миллӣ ва умури дохилӣ гузарондаанд, ҳамчун гумонбари марги 2 зан корманди идораи замини ноҳияи Деваштич боздошт шудааст.
Ӯ афзуд, алайҳи муттаҳам, ки феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, бар асоси моддаи 104 қисми 2 бандҳои А ва Г-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.
Банди А-и моддаи зикршуда, куштори ду шахс ё бештар аз он ва банди Г - куштори марбут ба одамрабоӣ ё гаравгонгириро фаро мегиранд, ки ҷазо дар намуди ҳабс аз 15 то якумраро пешбинӣ мекунанд.
Хоҷазода таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур таҳти назорати додситони вилоят қарор дорад.
Қаблан манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Деваштич ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳодисаи куштори ду зани фаррош рӯзи 17-уми июл дар дохили идораи заминсозии ноҳия рух додааст.
Аз занони кушташуда, узви як хонавода, сокинони ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич ном бурда мешавад, ки ҷанозаи онҳо бегоҳии он рӯз ба хок супурда шудааст.