https://sputnik.tj/20220719/fojea-devashtich-kumitai-zaminsozi-zani-farroshi-kushta-1050111603.html
Фоҷеа дар Деваштич: корманди Кумитаи заминсозӣ ду фарроши ин идораро куштааст
Фоҷеа дар Деваштич: корманди Кумитаи заминсозӣ ду фарроши ин идораро куштааст
Sputnik Тоҷикистон
Саҳобиддин Мунавваров, корманди Кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштич барои куштори ду зани фарроши ин идора дастгир шудааст
2022-07-19T21:32+0500
2022-07-19T21:32+0500
2022-07-20T14:37+0500
дар тоҷикистон
куштор
суғд
деваштич
фаррош
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102154/65/1021546593_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_a5313f9fed8709c179505b9c0b9eb413.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Манобее аз ҳукумати ноҳияи Деваштич дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодисаи куштори ду зани фаррош рӯзи 17-уми июл дар дохили идораи заминсозии ноҳия рух додааст.Аз занони кушташуда Фозиловаҳо, узви як хонавода ва сокинони ҷамоати Ғазантараки ноҳияи ном мебаранд. Ҷанозаи онҳо бегоҳии он рӯз ба хок супурда шудааст.Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, он рӯз Фозиловаҳо барои поккории идораи заминсозӣ рафтаанд ва дар он ҳангом Мунавваров ҳозир шуда, даст ба куштори онҳо задааст.Бо гузашти ду рӯз аз вуқуи ин ҳодиса мақомоти милитсия Саҳобиддин Мунавваров, корманди Кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштичро дар пайи роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи имрӯз дастгир кардаанд.Зимнан аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратура бо моддаи 104 (одамкушӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20220719/khf-holat-sokinon-hushdor-1050102024.html
суғд
деваштич
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102154/65/1021546593_180:0:1620:1080_1920x0_80_0_0_de4a79039155a633a47884ae7f2e1375.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, деваштич, куштор, фоҷеа, фаррош, корман, кумитаи заминсозӣ
тоҷикистон, деваштич, куштор, фоҷеа, фаррош, корман, кумитаи заминсозӣ
Фоҷеа дар Деваштич: корманди Кумитаи заминсозӣ ду фарроши ин идораро куштааст
21:32 19.07.2022 (Навсозишуда: 14:37 20.07.2022) Саҳобиддин Мунавваров, корманди Кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштич барои куштори ду зани фаррош дар ин идора дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Манобее аз ҳукумати ноҳияи Деваштич дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодисаи куштори ду зани фаррош рӯзи 17-уми июл дар дохили идораи заминсозии ноҳия рух додааст.
Аз занони кушташуда Фозиловаҳо, узви як хонавода ва сокинони ҷамоати Ғазантараки ноҳияи ном мебаранд. Ҷанозаи онҳо бегоҳии он рӯз ба хок супурда шудааст.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, он рӯз Фозиловаҳо барои поккории идораи заминсозӣ рафтаанд ва дар он ҳангом Мунавваров ҳозир шуда, даст ба куштори онҳо задааст.
“Аз шунидани ин хабари мудҳиш мо, кормандони ҳукумат то ҳол дар ҳолати шок ҳастем. Чаро корманди идораи заминсозӣ даст ба ин кор зад, барои мо муаммо аст”, – иброз намуд манбаъ аз ҳукумати Деваштич.
Бо гузашти ду рӯз аз вуқуи ин ҳодиса мақомоти милитсия Саҳобиддин Мунавваров, корманди Кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштичро дар пайи роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи имрӯз дастгир кардаанд.
Зимнан аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратура бо моддаи 104 (одамкушӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.