https://sputnik.tj/20220728/rubl-kohish-qurb-asor-tojikiston-1050315751.html
Рубл боз коҳиш ёфт: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон
Рубл боз коҳиш ёфт: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тақвияти сомонӣ дар баробари доллар ва рубл идома дорад, аммо асъори аврупоӣ бошад, каме пешравӣ доштааст
2022-07-28T11:06+0500
2022-07-28T11:06+0500
2022-07-28T13:55+0500
дар тоҷикистон
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045437584_0:165:3083:1899_1920x0_80_0_0_1f6c01d1138dda522d7c0676dfa36136.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли Русияро дар ҷумҳурӣ 0.1679 сомонӣ муқаррар намудаст, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл камтар мебошад. Рӯзе пеш арзиши рубл муодили 0.1682 сомонӣ буд.Ба иттилои ин ниҳод, ҳамчунин қурби доллари амрикоӣ низ каме поин рафта, дар сатҳи 10.2664 сомонӣ қарор дорад. Аммо дар баробари дигар асъор, евро каме боло рафтааст. Арзиши ин пули аврупоӣ аз ҷониби Бонки миллӣ 10.4276 сомонӣ муқаррар гардидааст.Дар мавриди қурби қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ иттилоъ додаст, ки 1 доллари ИМА ба ивази 10.2670 то 10.2000 сомонӣ, 1 евро аз 10.4107 то 10.5300 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1682 то 0.1705 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.Дар зимн ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Икром, раиси "Амонатбонк" гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст."Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.Гуфта мешавад, ин бонк танҳо дар ним сол беш аз 2,5 миллиард сомонӣ зиёд ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".
https://sputnik.tj/20220728/zubets-iqtisod-tojikiston-video-1050312468.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045437584_9:0:2740:2048_1920x0_80_0_0_a4848afa2c2873e922f88dc300859b59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл коҳиш эълон қурб асъор тоҷикистон
рубл коҳиш эълон қурб асъор тоҷикистон
Рубл боз коҳиш ёфт: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон
11:06 28.07.2022 (Навсозишуда: 13:55 28.07.2022) Дар Тоҷикистон тақвияти сомонӣ дар баробари доллар ва рубл идома дорад, аммо асъори аврупоӣ бошад, каме пешравӣ доштааст
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли Русияро дар ҷумҳурӣ 0.1679 сомонӣ муқаррар намудаст, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл камтар мебошад. Рӯзе пеш арзиши рубл муодили 0.1682 сомонӣ буд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳамчунин қурби доллари амрикоӣ низ каме поин рафта, дар сатҳи 10.2664 сомонӣ қарор дорад.
Аммо дар баробари дигар асъор, евро каме боло рафтааст. Арзиши ин пули аврупоӣ аз ҷониби Бонки миллӣ 10.4276 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар мавриди қурби қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ иттилоъ додаст, ки 1 доллари ИМА ба ивази 10.2670 то 10.2000 сомонӣ, 1 евро аз 10.4107 то 10.5300 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1682 то 0.1705 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Дар зимн ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Икром, раиси "Амонатбонк" гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ин бонк танҳо дар ним сол беш аз 2,5 миллиард сомонӣ зиёд ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".