https://sputnik.tj/20220728/rahbari-mts-tojikiston-ahdnoma-om-imzo-1050317926.html
Раҳбари МТС гуфт, Тоҷикистон Аҳдномаи дӯстии кишварҳои ОМ-ро имзо мекунад
Раҳбари МТС гуфт, Тоҷикистон Аҳдномаи дӯстии кишварҳои ОМ-ро имзо мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Бо назардошти ҳамкориҳои муштараку муҳим Тоҷикистон ҳатман санади Аҳдномаи дӯстии кишварҳои Осиёи Марказиро имзо хоҳад кард
2022-07-28T12:55+0500
2022-07-28T12:55+0500
2022-07-28T18:37+0500
дар тоҷикистон
мтс
ом
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102257/54/1022575496_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_ce7c7c14dc4f856654486a61da46708a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тоҷикистон санади Аҳдномаи дӯстии кишварҳои Осиёи Марказиро имзо мекунад, гуфт, Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар зимни нишасти хабарияш.Дар робита ба Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ӯ таъкид кард, ки пас аз гузашти расмиёти давлатӣ ба тасвиб расидани он дар назар аст.Маврид ба зикр аст, ки санади дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI аз ҷониби сарони се давлати минтақа Ӯзбекистон Қазоқистон ва Қирғизистон ба тасвиб расид.Сарони Тоҷикистон ва Туркманистон гуфтанд, ки аҳдномаи мазкурро пас аз расмиёти дохилӣ имзо хоҳанд кард.Ҳамчунин маълум нест, ки маҳз кай имзои ин санади дӯстӣ, ки истифодаи нерӯи низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи ҳамдигарро мамнӯъ мекунад, сурат мегирад. Бар асоси ин санад, ҳамин тариқ, давлатҳои имзокунанда ӯҳдадор мешаванд, ки ҳама гуна масъалаҳои баҳснокро танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал кунанд. Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи амният дар пайи ҳаводиси Афғонистон ва ҳаводиси марзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳо буд. Нишасти навбатии панҷуми машваратӣ дар ҳамин шакл тобистони соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220721/tojikistonu-turkmaniston-sozishnomai-dusti-imzo-1050166018.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102257/54/1022575496_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_9937bcd0a8b10d387671a68e7ff6329c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон аҳднома дӯстӣ ом
тоҷикистон аҳднома дӯстӣ ом
Раҳбари МТС гуфт, Тоҷикистон Аҳдномаи дӯстии кишварҳои ОМ-ро имзо мекунад
12:55 28.07.2022 (Навсозишуда: 18:37 28.07.2022) Бо назардошти ҳамкориҳои муштараку муҳим Тоҷикистон санади Аҳдномаи дӯстии кишварҳои Осиёи Марказиро имзо хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тоҷикистон санади Аҳдномаи дӯстии кишварҳои Осиёи Марказиро имзо мекунад, гуфт, Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар зимни нишасти хабарияш.
Дар робита ба Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ӯ таъкид кард, ки пас аз гузашти расмиёти давлатӣ ба тасвиб расидани он дар назар аст.
"Ҳатто дар сурати мавҷуд будани ин мушкилот, имзои он имконпазир аст. Ин созишнома барои ҳамкориҳои муштараки кишварҳои минтақа хеле муҳим аст", - гуфт Усмонзода.
Маврид ба зикр аст, ки санади дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI аз ҷониби сарони се давлати минтақа Ӯзбекистон Қазоқистон ва Қирғизистон ба тасвиб расид.
Сарони Тоҷикистон ва Туркманистон гуфтанд, ки аҳдномаи мазкурро пас аз расмиёти дохилӣ имзо хоҳанд кард.
Ҳамчунин маълум нест, ки маҳз кай имзои ин санади дӯстӣ, ки истифодаи нерӯи низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи ҳамдигарро мамнӯъ мекунад, сурат мегирад.
Бар асоси ин санад, ҳамин тариқ, давлатҳои имзокунанда ӯҳдадор мешаванд, ки ҳама гуна масъалаҳои баҳснокро танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи амният дар пайи ҳаводиси Афғонистон ва ҳаводиси марзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳо буд.
Нишасти навбатии панҷуми машваратӣ дар ҳамин шакл тобистони соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.