https://sputnik.tj/20220728/hasrat-kabulov-nabudi-masudi-tavsiya-pisarash-1050326956.html
Ҳасрати Кабулов аз набудани Масъуди калонӣ ва тавсия ба писараш
Ҳасрати Кабулов аз набудани Масъуди калонӣ ва тавсия ба писараш
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, ки раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳоло барои сарварӣ омода нест
2022-07-28T15:58+0500
2022-07-28T15:58+0500
2022-07-28T17:58+0500
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
афғонистон
сиёсат
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032913970_0:97:1024:673_1920x0_80_0_0_5095de707ade4ca9da25520ed2bd96d0.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Афсӯс, ки Аҳмадшоҳ Масъуд нест, ба Афғонистони кунунӣ чунин бозигарон намерасанд, гуфт Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон зимни як нишасти матбуотӣ. Ба андешаи ӯ, бо ҳузури Масъуд мувозинати оқилонаи этникӣ беҳтар мешуд.Мавсуф гуфт, агар Масъуд зинда мебуд, шояд афғонистониҳо зиндагии беҳтаре медоштанд.Ба таъкиди вай, дар замони ӯ мувозинати байни қавмҳо беҳтар аз ҳоло буд.Кабулов дар мавриди Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, ки ӯ ҳоло ба сатҳи раҳбарӣ нарасидааст."Масъуди хурдӣ зоҳиран то ҳол ба сатҳи раҳбарӣ рушд накардааст ва мушоҳида нашудааст, ки ӯро ҳама ҳамчун сарвар эътироф кунанд",- гуфт ин дипломат.Ӯ гуфт, толибон барояш изҳор доштаанд, ки омодаанд, бо Масъуд суҳбат кунанд, агар ӯ омода бошад, шояд ба як навъ намояндагӣ умед баста метавонад, аммо барои ин бояд ҷангҳои чирикиро қатъ кунад. Ба ақидаи Кобулов, Масъуд бояд ҳукумати қавмӣ-сиёсӣ ташкил кунад ва дар ин замина имкон дорад, ки узви ҳукумати нави Афғонистон бошаду ба халқаш хидмат кунад.Ин дар ҳолест, ки ахиран раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зимни як мусоҳибааш гуфт, толибон иродаи гуфтушунид надоранд.Ӯ гуфт, дидор ва суҳбатҳое, ки бо намояндагони ин гурӯҳ дошт, танҳо таъкидашон ба таслим шудан аст ва ҳатто пешниҳоди мансаб низ кардаанд.Аммо ӯ гуфт, ки ин ҳақхоҳӣ набарди Аҳмад Масъуд нест ва он аз кулли мардуми Афғонистон аст, то дидгоҳашон, ҳуқуқашон ба назар гирифта шавад.Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд умдатарин нерӯи низомиву сиёсиест, ки бо ҳукумати толибон ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам мизи музокирот рӯ ба рӯ аст. Аввалин гуфтушунидҳои сулҳ миёни толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳанӯз моҳи августи соли гузашта баргузор шуд, аммо ба натиҷа нарасид. Пас аз суқути дараи Панҷшер дар моҳи сентябри ҳамон сол равобити сиёсӣ миёни онҳо қатъ ва моҳи январи соли равон дубора барқарор шуд. Аммо музокироте, ки дар Теҳрон сурат гирифт, низ натиҷае ба бор наовард.Аҳмад Масъуд гуфт, ки дари музокира бо толибон боз аст, аммо ин гурӯҳ хоҳони шунидани ҳарфи мардумро нест ва танҳо хостаҳои худро пеш мебаранд.
https://sputnik.tj/20220325/payom-masud-tolibon-taslim-bayat-1047054200.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032913970_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_a22b5c9753e166c34b285cbb6b219daf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кабулов масъуди тавсия писараш
кабулов масъуди тавсия писараш
Ҳасрати Кабулов аз набудани Масъуди калонӣ ва тавсия ба писараш
15:58 28.07.2022 (Навсозишуда: 17:58 28.07.2022) Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, Аҳмадшоҳи Масъуд на танҳо пешво ва намояндаи мардуми Панҷшер, балки сарвари мардуми Афғонистон низ буд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Афсӯс, ки Аҳмадшоҳ Масъуд нест, ба Афғонистони кунунӣ чунин бозигарон намерасанд, гуфт Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон зимни як нишасти матбуотӣ.
Ба андешаи ӯ, бо ҳузури Масъуд мувозинати оқилонаи этникӣ беҳтар мешуд.
"Аҳмадшоҳи Масъуд як шахсияти фавқуллода буд, танҳо намояндаи мардуми Панҷшер набуд, нисбат ба кишвараш назари фарох дошт. Набудани ӯ дар Афғонистон бисёр таассуфовар аст. Зеро дар Афғонистон раҳбаре мисли Аҳмадшоҳи Масъуд намерасад", - гуфт Кабулов.
Мавсуф гуфт, агар Масъуд зинда мебуд, шояд афғонистониҳо зиндагии беҳтаре медоштанд.
Ба таъкиди вай, дар замони ӯ мувозинати байни қавмҳо беҳтар аз ҳоло буд.
Кабулов дар мавриди Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, ки ӯ ҳоло ба сатҳи раҳбарӣ нарасидааст.
"Масъуди хурдӣ зоҳиран то ҳол ба сатҳи раҳбарӣ рушд накардааст ва мушоҳида нашудааст, ки ӯро ҳама ҳамчун сарвар эътироф кунанд",- гуфт ин дипломат.
Ӯ гуфт, толибон барояш изҳор доштаанд, ки омодаанд, бо Масъуд суҳбат кунанд, агар ӯ омода бошад, шояд ба як навъ намояндагӣ умед баста метавонад, аммо барои ин бояд ҷангҳои чирикиро қатъ кунад.
Ба ақидаи Кобулов, Масъуд бояд ҳукумати қавмӣ-сиёсӣ ташкил кунад ва дар ин замина имкон дорад, ки узви ҳукумати нави Афғонистон бошаду ба халқаш хидмат кунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зимни як мусоҳибааш гуфт, толибон иродаи гуфтушунид надоранд.
Ӯ гуфт, дидор ва суҳбатҳое, ки бо намояндагони ин гурӯҳ дошт, танҳо таъкидашон ба таслим шудан аст ва ҳатто пешниҳоди мансаб низ кардаанд.
Аммо ӯ гуфт, ки ин ҳақхоҳӣ набарди Аҳмад Масъуд нест ва он аз кулли мардуми Афғонистон аст, то дидгоҳашон, ҳуқуқашон ба назар гирифта шавад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд умдатарин нерӯи низомиву сиёсиест, ки бо ҳукумати толибон ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам мизи музокирот рӯ ба рӯ аст.
Аввалин гуфтушунидҳои сулҳ миёни толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳанӯз моҳи августи соли гузашта баргузор шуд, аммо ба натиҷа нарасид.
Пас аз суқути дараи Панҷшер дар моҳи сентябри ҳамон сол равобити сиёсӣ миёни онҳо қатъ ва моҳи январи соли равон дубора барқарор шуд. Аммо музокироте, ки дар Теҳрон сурат гирифт, низ натиҷае ба бор наовард.
Аҳмад Масъуд гуфт, ки дари музокира бо толибон боз аст, аммо ин гурӯҳ хоҳони шунидани ҳарфи мардумро нест ва танҳо хостаҳои худро пеш мебаранд.