https://sputnik.tj/20220325/payom-masud-tolibon-taslim-bayat-1047054200.html
Паёми тозаи Аҳмад Масъуд: Ҳарфи толибон ба мо таслим ва байъат буд
Паёми тозаи Аҳмад Масъуд: Ҳарфи толибон ба мо таслим ва байъат буд
Sputnik Тоҷикистон
Оқои Масъуд таъкид мекунад, ки бо дарки ҳама масоил, ки соли гузашта дар Афғонистон рух дод, он замон ҷанги худро мутаваққиф карда буд
2022-03-25T07:00+0500
2022-03-25T07:00+0500
2022-03-25T12:40+0500
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
афғонистон
толибон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_0:113:2048:1265_1920x0_80_0_0_9069c058451e9e5ae7cfb6adc7c6b436.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар паёми наврӯзии худ гуфтааст, ки соли гузашта бар хилофи интизориҳо барои мардуми Афғонистон соли хубе набуд.Оқои Масъуд таъкид мекунад, бо дарки ҳама масоил, ки соли гузашта дар Афғонистон рух дод, ҷанги худро мутаваққиф карда буд, то гуфтумон барои як ҳукумати мардумсолор сурат бигирад, ки мутаассифона, толибон инро қабул накарданд."Ҳама масъалаҳоро бо тасмими уламои кишвар дарк карда, барои он ки тарафи ҷанг набошем, онро хатму истод сохтем",- мегӯяд ӯ.Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар робита ба музокироти сулҳ бо толибон гуфт: "Мутаассифона, ҳарфҳои онҳо ба мо беш аз ду масъала набуд, яке таслим ва дувуми байъат, ҳозир ба шунидани роҳи ҳалли мушкили аслии Афғонистон ва механизме, ки мо тавонем якҷоя зиндагӣ кунем ва фазои сулҳ эҷод кунем, мутаассифона, барои онҳо вуҷуд надоштанд."Аҳмад Масъуд таъкид мекунад, ҳамеша ба толибон гуфта мешуд, Афғонистон ба ҳукумате ниёз дорад, ки аз ҷониби мардум идора мешавад ва ин низомест, ки машруъиятро аз мардум гирифтааст, на аз берун, аммо толибон инро қабул накарданд ва ҳарфашон идомаи ҷанг буд.Оқои Масъуд афзуд, ҷанг болояшон аз сӯйи толибон таҳмил ва Ҷабҳаи муқовимат ба хости мардум ташкил шудааст ва муборизаи худро алайҳи ҳар навъ зулму истилогарон идома медиҳад.Оқои Масъуд бо ишора ба гурӯҳҳои дигар гуфт, гурӯҳҳои дигар ба пеш қадам гузоштанд, истиқбол ва эъломи пуштибонӣ карданд ва ваҳдату ҳамбастагии тамоми мардуми Афғонистонро зарурати аслӣ барои пирӯзӣ бар зулму зулмот медонанд.Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат таъкид мекунад, ки ҳамкориҳои толибон бо дигар гурӯҳҳои террористӣ коҳиш наёфта ва Афғонистон имрӯз ба як паноҳгоҳи амни террористҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст."Мо иттилоъ ва гузоришҳои дақиқ дорем, ки дар партави ҳимояти толибон аз як гурӯҳи террористӣ, назири "Ал-қоида"* (ташкилоти террористии фаъолияташ дар ФР мамнуъ) марказҳои омӯзишӣ, шумори ҷалби афроди худро афзоиш додаву фаъолиятҳояшро густариш додааст",- афзуд ӯ.Оқои Масъуд ҳушдор додааст, ки табдили Афғонистон ба пойгоҳи террористӣ барои минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ хоҳад дошт ва аз кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба авзои кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд.
https://sputnik.tj/20220324/taassuf-tojikiston-ijro-nagardidan-shart-tolibon-1047032739.html
https://sputnik.tj/20220224/gululabori-jabhai-muqovimat-charkhboli-tolibho-1046226913.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_106:0:1943:1378_1920x0_80_0_0_4af615a40b15c94a885a987d30bdb3f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паём аҳмад масъуд толибон таслим байъат
паём аҳмад масъуд толибон таслим байъат
Паёми тозаи Аҳмад Масъуд: Ҳарфи толибон ба мо таслим ва байъат буд
07:00 25.03.2022 (Навсозишуда: 12:40 25.03.2022) Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат пас аз ҷанд моҳи хомӯшӣ ба мардуми Афғонистон паёми видеоӣ дода, аз ҳаводиси ин кишвар, гуфтугӯ бо толибон ва аз хатароти ин гурӯҳ барои ҷомеа гуфт
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар паёми наврӯзии худ гуфтааст, ки соли гузашта бар хилофи интизориҳо барои мардуми Афғонистон соли хубе набуд.
"Мутаассифона, соли гузашта бар хилофи интизориҳои мардуми афғон соли хуб набуд. Мо ҳама ба хатми раванди сулҳ умед доштем. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла набуди ирода аз сӯйи толибон барои хатми ҷанг, боиси аз байн рафтани фурсати сулҳ шуд", - гуфтааст Масъуд.
Оқои Масъуд таъкид мекунад, бо дарки ҳама масоил, ки соли гузашта дар Афғонистон рух дод, ҷанги худро мутаваққиф карда буд, то гуфтумон барои як ҳукумати мардумсолор сурат бигирад, ки мутаассифона, толибон инро қабул накарданд.
"Ҳама масъалаҳоро бо тасмими уламои кишвар дарк карда, барои он ки тарафи ҷанг набошем, онро хатму истод сохтем",- мегӯяд ӯ.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар робита ба музокироти сулҳ бо толибон гуфт: "Мутаассифона, ҳарфҳои онҳо ба мо беш аз ду масъала набуд, яке таслим ва дувуми байъат, ҳозир ба шунидани роҳи ҳалли мушкили аслии Афғонистон ва механизме, ки мо тавонем якҷоя зиндагӣ кунем ва фазои сулҳ эҷод кунем, мутаассифона, барои онҳо вуҷуд надоштанд."
Аҳмад Масъуд таъкид мекунад, ҳамеша ба толибон гуфта мешуд, Афғонистон ба ҳукумате ниёз дорад, ки аз ҷониби мардум идора мешавад ва ин низомест, ки машруъиятро аз мардум гирифтааст, на аз берун, аммо толибон инро қабул накарданд ва ҳарфашон идомаи ҷанг буд.
Оқои Масъуд афзуд, ҷанг болояшон аз сӯйи толибон таҳмил ва Ҷабҳаи муқовимат ба хости мардум ташкил шудааст ва муборизаи худро алайҳи ҳар навъ зулму истилогарон идома медиҳад.
Оқои Масъуд бо ишора ба гурӯҳҳои дигар гуфт, гурӯҳҳои дигар ба пеш қадам гузоштанд, истиқбол ва эъломи пуштибонӣ карданд ва ваҳдату ҳамбастагии тамоми мардуми Афғонистонро зарурати аслӣ барои пирӯзӣ бар зулму зулмот медонанд.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат таъкид мекунад, ки ҳамкориҳои толибон бо дигар гурӯҳҳои террористӣ коҳиш наёфта ва Афғонистон имрӯз ба як паноҳгоҳи амни террористҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
"Мо иттилоъ ва гузоришҳои дақиқ дорем, ки дар партави ҳимояти толибон аз як гурӯҳи террористӣ, назири "Ал-қоида"* (ташкилоти террористии фаъолияташ дар ФР мамнуъ) марказҳои омӯзишӣ, шумори ҷалби афроди худро афзоиш додаву фаъолиятҳояшро густариш додааст",- афзуд ӯ.
Оқои Масъуд ҳушдор додааст, ки табдили Афғонистон ба пойгоҳи террористӣ барои минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ хоҳад дошт ва аз кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба авзои кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд.