https://sputnik.tj/20220728/dushanbe-bishkek-muzokirot-marz-1050312310.html
Душанбе ва Бишкек макони музокироти нави марзиро муайян карданд
Душанбе ва Бишкек макони музокироти нави марзиро муайян карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Бодканд нишасти шашрӯзаи марбут ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид ва пас аз он музокироти навбатӣ ба нақша гирифта шуд
2022-07-28T09:04+0500
2022-07-28T09:04+0500
2022-07-28T09:04+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/92/1028479245_0:34:3151:1806_1920x0_80_0_0_332c727fd29f32778b94ba08cb9ebef8.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон барои идомаи ҳалли масъалаҳои марбут ба аломатгузорӣ марзи кишварҳо тавофуқ карданд, ки мулоқоти нав баргузор кунанд. Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки музокироти навбатӣ ин дафъа дар қаламрави Тоҷикистон сурат мегирад. Аммо макони дақиқи он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Дар хусуси мулоқоти охирини намояндагони ҳар ду мамлакат ва гуруҳҳои корӣ топографӣ бошад, он чи тавре ки пешбинӣ шуда буд, дар Бодканд барпо гардид. Аз 21 то 26 июл гуфтушунид аз рӯи нақша доир гардид. Тафсилоти бештари баҳсҳо дода нашудааст. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Содир Ҷабборов, ҳамтои қирғизаш суҳбати телефонӣ анҷом дод. Гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар чанд рӯз баъд аз мулоқот дар Чолпон-Отаи Қирғизистон сурат гирифт. Ҳанӯз маълум нест, ки президентҳо дар суҳбати телефонӣ асосан дар бораи чӣ гуфтанд, аммо таъкид мешавад, ки Раҳмон ва Ҷабборов "бар аҳамияти пешрафти минбаъдаи тамоми доираи равобити Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кардаанд." Президентҳо ҳамчунин доир ба баъзе масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
https://sputnik.tj/20220727/suhbat-telefonii-rahmon-jabborov-prezident-1050296744.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/92/1028479245_420:0:3151:2048_1920x0_80_0_0_1f80e745afd7da6763537a867d7e6fbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе бишкек музокирот марз
душанбе бишкек музокирот марз
Душанбе ва Бишкек макони музокироти нави марзиро муайян карданд
Дар Бодканд нишасти шашрӯзаи марбут ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид ва пас аз он музокироти навбатӣ ба нақша гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон барои идомаи ҳалли масъалаҳои марбут ба аломатгузорӣ марзи кишварҳо тавофуқ карданд, ки мулоқоти нав баргузор кунанд.
Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки музокироти навбатӣ ин дафъа дар қаламрави Тоҷикистон сурат мегирад. Аммо макони дақиқи он ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Дар хусуси мулоқоти охирини намояндагони ҳар ду мамлакат ва гуруҳҳои корӣ топографӣ бошад, он чи тавре ки пешбинӣ шуда буд, дар Бодканд барпо гардид.
Аз 21 то 26 июл гуфтушунид аз рӯи нақша доир гардид. Тафсилоти бештари баҳсҳо дода нашудааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Содир Ҷабборов, ҳамтои қирғизаш суҳбати телефонӣ анҷом дод. Гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар чанд рӯз баъд аз мулоқот дар Чолпон-Отаи Қирғизистон сурат гирифт.
Ҳанӯз маълум нест, ки президентҳо дар суҳбати телефонӣ асосан дар бораи чӣ гуфтанд, аммо таъкид мешавад, ки Раҳмон ва Ҷабборов "бар аҳамияти пешрафти минбаъдаи тамоми доираи равобити Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кардаанд."
Президентҳо ҳамчунин доир ба баъзе масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.