https://sputnik.tj/20220727/suhbat-telefonii-rahmon-jabborov-prezident-1050296744.html
Суҳбати телефонии Раҳмону Ҷабборов: президентҳо аз чӣ гуфтанд?
Суҳбати телефонии Раҳмону Ҷабборов: президентҳо аз чӣ гуфтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дар Бодканд гуруҳи корӣ муайянсозии марз миёни ду кишварро баррасӣ дорад
2022-07-27T13:57+0500
2022-07-27T13:57+0500
2022-07-27T15:46+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
сиёсат
ҳамкорӣ
замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040522837_0:13:2835:1608_1920x0_80_0_0_2ff75d04f44da11a2a0f26f4754f38f5.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди тамоми маҷмӯи муносибатҳои ду кишварро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон зимни гузориш аз ин суҳбат таъкид намудаст, ки Раҳмон ва Ҷабборов барои идомаи муколамаи сиёсӣ тавофуқ кардаанд, ба таҳкими ҳамсоядории неку бародарӣ миёни ду давлату мардум равона шудааст. Ин суҳбат дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Қирғизистон мулоқоти рӯбарӯ доштанд. Ҳамчунин ҳамин шабурӯз мулоқоти навбатии гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду давлат дар вилояти Бодканд ҷараён дорад, ки интизор меравад, 5 рӯз давом кунад. Муайянсозии Ахиран Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон низ дар бораи тавофуқнома бо ҷониби Қирғизистон дар қитъаи 80-километрии марз хабар дода буд.Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд, ки масъалаи таъйини хатти марз бо Қирғизистон ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд ва таъкид карданд, ки ин кор пайваста сурат хоҳад гирифт.
https://sputnik.tj/20220725/taqsim-marz-tojikiston-qirghiziston-bodkand-1050232069.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040522837_53:0:2722:2002_1920x0_80_0_0_7161719c67c8800bcb9cb63397a064bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, ҷабборов, ҳамсоя, хуб
раҳмон, ҷабборов, ҳамсоя, хуб
Суҳбати телефонии Раҳмону Ҷабборов: президентҳо аз чӣ гуфтанд?
13:57 27.07.2022 (Навсозишуда: 15:46 27.07.2022) Суҳбати президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дар Бодканд гурӯҳи корӣ муайянсозии марз миёни ду кишварро баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди тамоми маҷмӯи муносибатҳои ду кишварро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд.
"Дар ин зимн, ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд, алалхусус дар ҷанбаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба бар асоси саъю талошҳои муштарак изҳори умед карданд", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон зимни гузориш аз ин суҳбат таъкид намудаст, ки Раҳмон ва Ҷабборов барои идомаи муколамаи сиёсӣ тавофуқ кардаанд, ба таҳкими ҳамсоядории неку бародарӣ миёни ду давлату мардум равона шудааст.
Ин суҳбат дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Қирғизистон мулоқоти рӯбарӯ доштанд.
Ҳамчунин ҳамин шабурӯз мулоқоти навбатии гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду давлат дар вилояти Бодканд ҷараён дорад, ки интизор меравад, 5 рӯз давом кунад. Муайянсозии
Ахиран Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон низ дар бораи тавофуқнома бо ҷониби Қирғизистон дар қитъаи 80-километрии марз хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд, ки масъалаи таъйини хатти марз бо Қирғизистон ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд ва таъкид карданд, ки ин кор пайваста сурат хоҳад гирифт.