Баргузории ҳамоиши сармоягузории Русияву Тоҷикистон дар Душанбе

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2022
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон бахши сармоягузории ҳамкории Русия дар доираи бизнес-форуме, ки дар аввали тирмоҳи соли 2022 баргузор мешавад, баррасӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Душанбе ҳамоиши сармоягузории "Русия-Тоҷикистон" баргузор мешавад, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, чорабинии мазкур бо ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Вазорати рушди иқтисоди Русия ташкил мешавад.
Санаи баргузории ин ҳамоиши муҳими иқтисодӣ 15 сентябр муқаррар шудааст ва он дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Мавзӯъҳои аслии ин ҳамоиш баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ миёни Русияву Тоҷикистон аст.
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Ушаков: Мубодилаи мол миёни Русия ва Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Дар ин ҳамоиш соҳибкорон шароити рушди бахши технологӣ, дастгирии давлатии рақобатпазирии молу хизматрасониро баррасӣ мекунанд.
Қарор аст, робитаҳои мустақим миёни соҳибкорони ду кишвар дар бахшҳои мухталиф роҳандозӣ шавад.
Дар ҳошияи мулоқот суханронии мақомоти баландпояи давлатии вазорату идораҳои ду кишвар дар назар аст.
Инчунин, дар ин ҳамоиш лоиҳаҳои мавзӯӣ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамзамон дар ин ҳамоиш дидори намояндагони бахши соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ сурат мегирад.
Ғайр аз ин, бо максади шинос шудан бо иктидори Тоҷикистон ба объектхои саноатии республика сафархо ташкил карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0