https://sputnik.tj/20220627/ushakov-mubodila-mol-rusiya-tojikiston-afzoish-1049548437.html
Ушаков: Мубодилаи мол миёни Русия ва Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Ушаков: Мубодилаи мол миёни Русия ва Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Мубодилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар як соли ахир қариб 45 дарсад афзоиш ёфта, дар моҳҳои январ-март 27 дарсад зиёд шуд
2022-06-27T19:19+0500
2022-06-27T19:19+0500
2022-06-27T19:26+0500
дар тоҷикистон
дар русия
иқтисод
додугирифти мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_0:297:2767:1853_1920x0_80_0_0_24e111ce194283b00f0e1a953f7b8328.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар умури байналмилалӣ аз афзоиши додугирифти мол миёни Русия ва Тоҷикистон хабар дод.Ба таъкиди ӯ, мубодилаи мол миёни ду кишвар дар як соли ахир қариб 45 дарсад афзоиш ёфта, дар моҳҳои январ-март 27 дарсад зиёд шуд. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта гардиши мол тақрибан ба 1,2 миллиард доллар афзуда, ҳамчунин ин раванд моҳи январ низ зиёд шуд."Дар моҳи март афзоиши интенсивӣ идома ёфт ва ба ҳисоби мо он 27% рушд кард", - таъкид намуд ёвари президенти Русия.Ёдовар мешавем, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 28 июн аз шаҳри Душанбе боздид хоҳад кард.Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки дар зимни ин сафар Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Инчунин музокироти як ба яки Путин ва Раҳмон дар назар аст, афзуд ӯ."Сафари кории Путин ба Тоҷикистон дар назар аст, он ҷо мулоқоту музокирот баргузор мешавад. Бо Раҳмон суҳбати як ба як сурат мегирад", - изҳор дошт Песков.Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад. Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20220627/suhbati-kreml-putin-dushanbe-1049537413.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_8f39bb13e809ec88abba55537a0ade97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ушаков русия тоҷикистон
Ушаков: Мубодилаи мол миёни Русия ва Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
19:19 27.06.2022 (Навсозишуда: 19:26 27.06.2022) Мубодилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар як соли ахир қариб 45 дарсад афзоиш ёфта, дар моҳҳои январ-март 27 дарсад зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар умури байналмилалӣ аз афзоиши додугирифти мол миёни Русия ва Тоҷикистон хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, мубодилаи мол миёни ду кишвар дар як соли ахир қариб 45 дарсад афзоиш ёфта, дар моҳҳои январ-март 27 дарсад зиёд шуд.
"Дар миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, Русия дар ҷои аввал қарор дошта, ҳиссаи мо 21,3% аст. Яъне мо аз Қазоқистон, Чин ва бархе аз дигар кишварҳо ба таври қобили мулоҳиза пештар ҳастем", - гуфт Ушаков ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта гардиши мол тақрибан ба 1,2 миллиард доллар афзуда, ҳамчунин ин раванд моҳи январ низ зиёд шуд.
"Дар моҳи март афзоиши интенсивӣ идома ёфт ва ба ҳисоби мо он 27% рушд кард", - таъкид намуд ёвари президенти Русия.
Ёдовар мешавем, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 28 июн аз шаҳри Душанбе боздид хоҳад кард.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки дар зимни ин сафар Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Инчунин музокироти як ба яки Путин ва Раҳмон дар назар аст, афзуд ӯ.
"Сафари кории Путин ба Тоҷикистон дар назар аст, он ҷо мулоқоту музокирот баргузор мешавад. Бо Раҳмон суҳбати як ба як сурат мегирад", - изҳор дошт Песков.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад. Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.