https://sputnik.tj/20220725/taqsim-marz-tojikiston-qirghiziston-bodkand-1050232069.html
Тақсими марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд баҳс мешавад
Тақсими марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд баҳс мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар қаламрави вилояти Бодканд дидору мулоқоти гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
2022-07-25T10:55+0500
2022-07-25T10:55+0500
2022-07-25T10:55+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102806/73/1028067318_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_2c3dbe68cc9408e9b82e1d7d25c2c680.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои таъйини марзи муштаракро аз сар гирифтанд. Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду давлат ин дафъа дар вилояти Бодканд ҷараён дорад. Маълум аст, ки гуфтушуниди корӣ 5 рӯз идома хоҳад кард. Матбуоти қирғиз бо такя ба суханони Назирбек Бөрүбоев, намояндаи вижаи Девони вазирони ин кишвар хабар медиҳад, ки ҷонибҳо дар тӯли тамоми давраи музокирот ҳудуди 80 километр марзро ба мувофиқа расонидаанд. Ҳамин тариқ, аз моҳи майи соли 2021, пас аз ҳодисаҳои сарҳадӣ, 82 км мувофиқа шудааст. Қабл аз ин ҳудуди 520 километр марзи муштарак низ мушаххас шуда буд. Бөрүбоев ҳамчунин афзуд, ки дарозии марзҳои байни кишварҳо ба 972 километр мерасад, аммо пас аз дақиқ кардан мумкин аст, дар ин рақам фарқият вуҷуд дошта бошад, зеро ҳангоми табодули баъзе замин қитъаҳо кӯтоҳ ё дарозтар мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон низ дар бораи тавофуқнома бо ҷониби Қирғизистон дар қитъаи 80-километрии марз хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд, ки масъалаи таъйини хатти марз бо Қирғизистон ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд ва таъкид карданд, ки ин кор пайваста сурат хоҳад гирифт. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар бораи фаъол кардани кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои дуҷониба ва комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
https://sputnik.tj/20220721/az-ob-to-marz--masoili-mavrildi-guftugui-emomali-rahmon-va-sodir-jabborov-1050167031.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102806/73/1028067318_81:0:1148:800_1920x0_80_0_0_d82d68dc9956742fa9dd39a77ee4adc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бодканд тақсим марз тоҷикистон қирғизистон баррасӣ
бодканд тақсим марз тоҷикистон қирғизистон баррасӣ
Тақсими марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд баҳс мешавад
Дар қаламрави вилояти Бодканд дидору мулоқоти гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои таъйини марзи муштаракро аз сар гирифтанд. Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду давлат ин дафъа дар вилояти Бодканд ҷараён дорад.
Маълум аст, ки гуфтушуниди корӣ 5 рӯз идома хоҳад кард.
Матбуоти қирғиз бо такя ба суханони Назирбек Бөрүбоев, намояндаи вижаи Девони вазирони ин кишвар хабар медиҳад, ки ҷонибҳо дар тӯли тамоми давраи музокирот ҳудуди 80 километр марзро ба мувофиқа расонидаанд.
Ҳамин тариқ, аз моҳи майи соли 2021, пас аз ҳодисаҳои сарҳадӣ, 82 км мувофиқа шудааст. Қабл аз ин ҳудуди 520 километр марзи муштарак низ мушаххас шуда буд.
Бөрүбоев ҳамчунин афзуд, ки дарозии марзҳои байни кишварҳо ба 972 километр мерасад, аммо пас аз дақиқ кардан мумкин аст, дар ин рақам фарқият вуҷуд дошта бошад, зеро ҳангоми табодули баъзе замин қитъаҳо кӯтоҳ ё дарозтар мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон низ дар бораи тавофуқнома бо ҷониби Қирғизистон дар қитъаи 80-километрии марз хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд, ки масъалаи таъйини хатти марз бо Қирғизистон ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд ва таъкид карданд, ки ин кор пайваста сурат хоҳад гирифт.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар бораи фаъол кардани кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои дуҷониба ва комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.