Садҳо табиб тарки Тоҷикистон кард: шарҳи Абдуллозода

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМинистр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода
Министр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Cабабҳои аслии тарки кори табибӣ кардани мутахассисон дар Тоҷикистон пешниҳоди шароити беҳтари кору зиндагӣ дар давлатҳои дигар арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Давоми якуним соли ахир 674 табиб аз Тоҷикистон рафтааст, хабар дод Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои вазир, ҳамчунин 1350 ҳамшираи шафқат низ аз Тоҷикистон рафтанд, дар ҳоле, ки бахши тандурустии кишвар ба мутахассисон ниёз дорад.
Ҷамолиддин Абдуллозода сабаби асосии рафтани табибонро барномаҳои ҷалби кормандони ин соҳа аз ҷониби дигар давлатҳо арзёбӣ намуд.
Рӯй ба муҳоҷират овардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар ҳолест, ки феълан дар ин соҳа дар Тоҷикистон ба 2690 табиб ниёз дорад. Ба иттилои Абудллозода, ҳамчунин дар муассисаҳои тандурустии кишвар 1340 ҳамшираи шафқат намерасад.
Учитель во время урока. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Садҳо муаллим аз Шаҳринав ба муҳоҷират рафтаанд
Ин дар ҳолест, ки тарки касб намудани муаллимону табибон ва рӯй ба муҳоҷират овардани онҳо тайи солҳои охир дар навоҳии Тоҷикистон ба мушкили мубрам табдил ёфтааст.
Ахиран хабар дода шуд, ки соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ба 1157 табиб ниёз дорад. Шайдулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят гуфт, мушкилоти норасоии табибон дар муассисаҳои табобатии минтақа то чанд соли дигар боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Хатлон мутахассисони асабшинос, асабшиноси кӯдакона ва ревматолог намерасанд.
Мақомот дар маҳалҳо талош доранд, барои ҷалби мутахассисони тандурустию маориф барои беҳбуди вазъи иҷтимоии онҳо чора андешад. Аз ҷумла хонаю замин ваъда дода мешавад, аммо то ҳол натиҷаҳои назаррас надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0