https://sputnik.tj/20220727/koreya-janubi-daryoi-vakhsh-puli-mesozad-1050297549.html
Кореяи Ҷанубӣ болои дарёи Вахш пули 760-метра месозад
Кореяи Ҷанубӣ болои дарёи Вахш пули 760-метра месозад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки аз болои дарёи Вахш пули 760-метра бо тарҳи мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад
2022-07-27T14:55+0500
2022-07-27T14:55+0500
2022-07-27T15:47+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
сохтмон
пул
вахш
кореяи ҷанубӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040336210_0:315:3001:2003_1920x0_80_0_0_1fdc6e7a7ebafa64ca33482edeab5071.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Масъалаи омода намудани тарҳи пули 760-метра, ки дар доираи татбиқи сохтмони роҳи мошингарди лоиҳаи Роғун-Обигарм-Нуробод аз болои дарёи Вахш сохта мешавад, зимни мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати “Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture”-и Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар.Тибқи иттилои манбаъ, сохтмони пул бо равишҳои пешниҳоди молиявӣ барои интихоби хизматрасонии машваратӣ оид ба омӯзиши вариантҳо, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, тарҳрезии пешакӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ дар мавриди тарҳрезӣ ва иҷрои қарордод дар асоси тарҳрезӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ муайян шудааст.Ёдовар мешавем, ки таҷдид ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи беш аз 123 миллион доллари амрикоӣ моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, татбиқи лоиҳа охири соли 2023 дар назар дошта шудааст.Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр роҳи асосии Обигарм-Тагикамар иборат мебошад.Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак -1,6 километр, Қарағоч- 1,7 километр, сохтмони 6 пули нав, таҷдиди 1 пули мавҷуда ва 1 пули муваққатӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220525/roh-darvoza-tojikiston-rasulzoda-1048713558.html
вахш
кореяи ҷанубӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040336210_9:0:2680:2003_1920x0_80_0_0_356e13735225fa522f2b56e8f6a43bd1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корея ҷанубь, вахш, пул, сохтан, вазорат, нақлиёт
тоҷикистон, корея ҷанубь, вахш, пул, сохтан, вазорат, нақлиёт
Кореяи Ҷанубӣ болои дарёи Вахш пули 760-метра месозад
14:55 27.07.2022 (Навсозишуда: 15:47 27.07.2022) Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки дар болои дарёи Вахш пули 760-метра бо тарҳи мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Масъалаи омода намудани тарҳи пули 760-метра, ки дар доираи татбиқи сохтмони роҳи мошингарди лоиҳаи Роғун-Обигарм-Нуробод аз болои дарёи Вахш сохта мешавад, зимни мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати “Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture”-и Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, сохтмони пул бо равишҳои пешниҳоди молиявӣ барои интихоби хизматрасонии машваратӣ оид ба омӯзиши вариантҳо, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, тарҳрезии пешакӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ дар мавриди тарҳрезӣ ва иҷрои қарордод дар асоси тарҳрезӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки таҷдид ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи беш аз 123 миллион доллари амрикоӣ моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, татбиқи лоиҳа охири соли 2023 дар назар дошта шудааст.
Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр роҳи асосии Обигарм-Тагикамар иборат мебошад.
Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак -1,6 километр, Қарағоч- 1,7 километр, сохтмони 6 пули нав, таҷдиди 1 пули мавҷуда ва 1 пули муваққатӣ дар назар аст.