https://sputnik.tj/20220727/boris-jonson-dabir-kull-nato-1050300395.html
Борис Ҷонсон дабири кулли НАТО мешавад?
Борис Ҷонсон дабири кулли НАТО мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири мустаъфии Бритониё, ки ахиран дар пайи моҷароҳои бузург истеъфо дод, барои ишғоли мақоми баланд омода мешавад, менависад расонаҳо
2022-07-27T17:00+0500
2022-07-27T17:00+0500
2022-07-27T17:00+0500
дар ҷаҳон
аврупо
сиёсат
бритониё
сарвазир
эътилоф
нато
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047948543_0:0:3141:1768_1920x0_80_0_0_81ccce9c5e3725ee03b2f3c994cbe3db.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сарвазири собиқи Бритониё Борис Ҷонсон метавонад соли 2023 дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО шавад. Дар ин бора "The Telegraph" бо такя ба манобеяш дар Кумитаи дифои парлумони Бритониё хабар додааст. Ҷонсон феълан аз дастовардҳои маъракаи сиёсӣ ва иқтисодии Ғарб алайҳи Русия арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи Дэвид Ҷонс, вазири собиқи Бритониё дар умури хориҷшавӣ аз Иттиҳодияи Аврупо, маҳз Борис Ҷонсон дар тасмими Шветсия ва Финландия барои узвият дар Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ - НАТО таъсир расонд. Вакил аз ҷиноҳи муҳофизакорон, Ричард Дракс қайд кард, ки "ҳар як бритониёии барҷаста барои ин мақом интихоби олӣ хоҳад буд" ва пуштибонияшро аз сарвазири пешӣ баён дошт. Инчунин зикр шудааст, ки Киев низ ҷонибдори номзадии Ҷонсон ба мақоми дабири кулли НАТО хоҳад буд, изҳор дошт Марк Франсуа, узви кумитаи дифои порлумон, Марк Франсуа. Дар зимн бархе сиёсатмадорони дигари бритониёӣ интихоби Ҷонсонро ба мақоми дабири кулли НАТО ба далели собиқаи баҳсбарангезаш зери суол бурданд. Дар ҳамин ҳол сардори собиқи артиши Бритониё Лорд Даннат нияти таъйини сарвазири собиқ ба дабирӣ дар НАТО ба далели ҷанҷолҳои марбут ба ӯ пуштибонӣ намекунад. Маврид ба зикр аст, ки Борис Ҷонсон соли 2019 Тереза Мэйро дар мақоми нахуствазир иваз карда, 7 июли сори равон истеъфои худро аз мақоми нахуствазир ва раиси Ҳизби муҳофизакори Бритониё эълон кард.Вай то интихоб шудани роҳбари нав дар ҳизб мемонад ва ҳамчунин вазифаи сардори ҳукуматро идома медиҳад.Нобоварӣ ба Ҷонсон дар пасманзари хабарҳо атрофи рафтори номуносиби муовини собиқи вазири умури хориҷаи Бритониё дар бахши Аврупо ва ИМА Кристофер Пинчер афзуд. Ӯ дар ҳолати мастӣ дар яке аз марказҳои дилхушии Лондон занозанӣ карда буд. Бо вуҷуди ин, сарвазир ӯро ба вазифаи ҳамоҳангсози фраксияи парламентии консервативӣ таъйин намуд.Ҷонсон баъдан ин корашро иштибоҳ хонду узр хост, аммо даҳҳо сиёсатмадор бо нишони эътироз аз мақомашон истеъфо доданд.
https://sputnik.tj/20220712/nom-nakhustvazir-nav-britoniyo-5-sentyabr-elon-1049951668.html
https://sputnik.tj/20220714/adam-raqib-gharb-mushkil-putin-1049997606.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047948543_410:0:3141:2048_1920x0_80_0_0_595738e249e41c1589cf5cf8ce25cd16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эҳтимол, роҳбар, борис ҷонсон, нато
эҳтимол, роҳбар, борис ҷонсон, нато
Борис Ҷонсон дабири кулли НАТО мешавад?
Нахуствазири мустаъфии Бритониё, ки ахиран дар пайи моҷароҳои бузург истеъфо дод, барои ишғоли мақоми баланд омода мешавад, менависанд расонаҳо
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сарвазири собиқи Бритониё Борис Ҷонсон метавонад соли 2023 дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО шавад.
Дар ин бора "The Telegraph" бо такя ба манобеяш дар Кумитаи дифои парлумони Бритониё хабар додааст.
Ҷонсон феълан аз дастовардҳои маъракаи сиёсӣ ва иқтисодии Ғарб алайҳи Русия арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи Дэвид Ҷонс, вазири собиқи Бритониё дар умури хориҷшавӣ аз Иттиҳодияи Аврупо, маҳз Борис Ҷонсон дар тасмими Шветсия ва Финландия барои узвият дар Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ - НАТО таъсир расонд.
Вакил аз ҷиноҳи муҳофизакорон, Ричард Дракс қайд кард, ки "ҳар як бритониёии барҷаста барои ин мақом интихоби олӣ хоҳад буд" ва пуштибонияшро аз сарвазири пешӣ баён дошт.
Инчунин зикр шудааст, ки Киев низ ҷонибдори номзадии Ҷонсон ба мақоми дабири кулли НАТО хоҳад буд, изҳор дошт Марк Франсуа, узви кумитаи дифои порлумон, Марк Франсуа.
Дар зимн бархе сиёсатмадорони дигари бритониёӣ интихоби Ҷонсонро ба мақоми дабири кулли НАТО ба далели собиқаи баҳсбарангезаш зери суол бурданд.
"Дабирони кулли НАТО бо қарори якдилона таъйин мешаванд. Ҳар кишвар метавонад вето гузорад. Ба фикри шумо, президент Макрон, Ҷонсонро ба ин мақом пешбарӣ мекунад", - суол гузоштанд дар парлумон.
Дар ҳамин ҳол сардори собиқи артиши Бритониё Лорд Даннат нияти таъйини сарвазири собиқ ба дабирӣ дар НАТО ба далели ҷанҷолҳои марбут ба ӯ пуштибонӣ намекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Борис Ҷонсон соли 2019 Тереза Мэйро дар мақоми нахуствазир иваз карда, 7 июли сори равон истеъфои худро аз мақоми нахуствазир ва раиси Ҳизби муҳофизакори Бритониё эълон кард.
Вай то интихоб шудани роҳбари нав дар ҳизб мемонад ва ҳамчунин вазифаи сардори ҳукуматро идома медиҳад.
Нобоварӣ ба Ҷонсон дар пасманзари хабарҳо атрофи рафтори номуносиби муовини собиқи вазири умури хориҷаи Бритониё дар бахши Аврупо ва ИМА Кристофер Пинчер афзуд. Ӯ дар ҳолати мастӣ дар яке аз марказҳои дилхушии Лондон занозанӣ карда буд. Бо вуҷуди ин, сарвазир ӯро ба вазифаи ҳамоҳангсози фраксияи парламентии консервативӣ таъйин намуд.
Ҷонсон баъдан ин корашро иштибоҳ хонду узр хост, аммо даҳҳо сиёсатмадор бо нишони эътироз аз мақомашон истеъфо доданд.