https://sputnik.tj/20220726/nuriddin-said-bunyod-khona-1050268099.html
Аз 9-ошёна поин иҷозат нест: Нуриддин Саид бунёди хона барои рӯзноманигоронро ваъда дод
Аз 9-ошёна поин иҷозат нест: Нуриддин Саид бунёди хона барои рӯзноманигоронро ваъда дод
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, барои кормандони ниёзманди ин ниҳод дар пойтахт биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ созад
2022-07-26T21:30+0500
2022-07-26T21:30+0500
2022-07-27T14:03+0500
нуриддин саид
иҷтимоъ
кумитаи телевизион ва радио
хона
сохтмон
бунёд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102946/08/1029460824_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_8f0dbb74e6162eb19f583394506b38ec.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои рӯзноманигорон дар шаҳри Душанбе бо шаҳрдории пойтахт мувофиқа карда шудаст. Дар ин бора Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дода, ин иқдомро барои дастгирии кормандони соҳа муҳим хонд. Вай гуфт, шаҳрдории Душанбе бунёди биноҳои истиқоматии аз 9-ошёна поинро дар ҳудуди пойтахт мамнуъ кардааст, бинобар ин бунёди биноҳои 12-ошёнаро дар назар гирифтаанд. Тарҳи ду бинои 12-ошиёна омода карда шудааст, ки дорои 144 хонаҳои як ва дуҳуҷраӣ мебошанд. Нуриддин Саид гуфт, дар ин робита ба шаҳрдори Душанбе мулоқот кардаасту аллакай тарҳҳо мувофиқа шудаанд. Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик дар куҷо сохта шудани биноҳо ҳаллу фасли худро меёбад. Нуриддин Саид гуфт, биноҳои ҷадид бо талаботи муосир ва меъмории миллӣ бунёд карда хоҳанд шуд, ки ба ҳусни шаҳри Душанбе зебоии бештарро зам хоҳанд кардДар мавриди он, ки киҳо соҳиби хона мешаванд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, идораи шабакаҳои радиою телевизионҳо дастур гирифтаанд, ки феҳрасти кормандони ниёзмандашонро пешниҳод намоянд. Ба гуфтаи ӯ, гуруҳи кории махсус ташкил карда шудааст, ки намояндагони иттифоқҳои касабаро низ дар мегирад ва ҳар ҳолатро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, ки то куҷо довталаб воқеан ниёзманд аст.
https://sputnik.tj/20220723/prezident-volidoni-sokini-tojikiston-khona-tuhfa-1050208957.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102946/08/1029460824_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_1632f5c48f758773a89c20d097c22ddf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи телевизион, радио, хона, ваъда
кумитаи телевизион, радио, хона, ваъда
Аз 9-ошёна поин иҷозат нест: Нуриддин Саид бунёди хона барои рӯзноманигоронро ваъда дод
21:30 26.07.2022 (Навсозишуда: 14:03 27.07.2022) Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, барои кормандони ниёзманди ин ниҳод дар пойтахт биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ созад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои рӯзноманигорон дар шаҳри Душанбе бо шаҳрдории пойтахт мувофиқа карда шудаст.
Дар ин бора Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дода, ин иқдомро барои дастгирии кормандони соҳа муҳим хонд.
Вай гуфт, шаҳрдории Душанбе бунёди биноҳои истиқоматии аз 9-ошёна поинро дар ҳудуди пойтахт мамнуъ кардааст, бинобар ин бунёди биноҳои 12-ошёнаро дар назар гирифтаанд.
Тарҳи ду бинои 12-ошиёна омода карда шудааст, ки дорои 144 хонаҳои як ва дуҳуҷраӣ мебошанд. Нуриддин Саид гуфт, дар ин робита ба шаҳрдори Душанбе мулоқот кардаасту аллакай тарҳҳо мувофиқа шудаанд.
Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик дар куҷо сохта шудани биноҳо ҳаллу фасли худро меёбад. Нуриддин Саид гуфт, биноҳои ҷадид бо талаботи муосир ва меъмории миллӣ бунёд карда хоҳанд шуд, ки ба ҳусни шаҳри Душанбе зебоии бештарро зам хоҳанд кард
Дар мавриди он, ки киҳо соҳиби хона мешаванд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, идораи шабакаҳои радиою телевизионҳо дастур гирифтаанд, ки феҳрасти кормандони ниёзмандашонро пешниҳод намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, гуруҳи кории махсус ташкил карда шудааст, ки намояндагони иттифоқҳои касабаро низ дар мегирад ва ҳар ҳолатро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, ки то куҷо довталаб воқеан ниёзманд аст.